Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:45

“Ҷентелмен” -- рекорди нави рэпсарои куриёӣ дар YouTube (ВИДЕО)

17 апрел 2013, 18:42

PSY, рэпсарои куриёӣ, ки соли сипаришуда бо таронаи «Гангам стайл» ба таври бесобиқа маъруф шуд, таронаи нави худро муаррифӣ кард.

Ин суруд «Ҷентелмен» унвон дошта ва дар як фурсати кӯтоҳ аз сербинандатарин видеоҳои YouTube табдил шуд. Давоми 24 соати дар ин шабака пайдо шудани клип онро наздики 20 миллион нафар тамошо карданд.

Рекорди қаблӣ ба ҷавонтарин ситораи попи Канада - Ҷастин Бибер тааллуқ дошт. Моҳи майи соли 2012 клипи таронаи «Boyfriend»-и Биберро давоми як шабонарӯз ҳашт миллион нафар дида буданд.

Ҳоло теъдоди бинандагони таронаи «Ҷентелмен»-и Псӣ марзи 53 миллионро убур кардааст. “Ҷентелмен” шаби 11 ба 12-уми апрел муаррифӣ шуд ва дарҳол дар садри сурудҳои сершунаванда ва серҳифзшудаи онлайн-фурӯшгоҳҳои Куриё қарор гирифт. 13-уми апрел PSY аввалин бор онро дар майдони мавсум ба “World Cup Stadium”-и Сеул иҷро кард.

PSY ё Пак Чэ Сан аз авохири солҳои 90-и асри гузашта вориди шоу-бизнес шуд. Ӯ панҷ маҷмӯаи таронаҳояшро ба бозор ироа кард, аммо танҳо баъд аз пешниҳоди суруди “Гангам стайл” дар соли 2012 маъруф гардид. То имрӯз клипи ин тарона дар YouTube беш аз якуним миллиард тамошобин доштааст, ки барои ин шабакаи интернетӣ бесобиқа маҳсуб мегардад. “Гангам стайл” зинаҳои аввали хит-парадҳои маъруфи Аврупову Амрикоро барои чандин муддат ба худ ихтисос дод. Гуфта мешавад, таронаи нави ӯ чандин рекордҳоро дар олами шоу бизнес тағйир хоҳад дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!