Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

«Ватанфурӯшӣ» ба хотири пули нафақа?

7 май 2011, 10:20

Аз ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар болои фашизми гитлерӣ 66 сол сипарӣ мегардад.

Собиқадорони ин ҷанг дар Русия ҳамеша мавриди ситоишанду ҳукумати Русия ҳамасола бо як тасмими нав онҳоро рӯҳбаланд месозанд.

Вале аз шумораи 2559 нафар собиқадорони ҶБВ дар  Тоҷикистон 40-нафари онҳо ҷойи зист (манзили доимӣ) надоранд, гузашта аз ин маоши бознишастагии эшон на бештар аз 600 сомонӣ аст.

Роҳбари шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон- Раҳматҷон Қудратов аз дастгирии ҳукумат қаноатманд буда, дар сӯҳбат бо «Озодагон » гуфт, кӯмаки якдафъаина аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ширкатҳои мухталиф ба ветеранҳо расонида мешавад, вале  таъмини манзил ба иштирокчиёни ҶБВ дар ҳоли ҳозир имкон надорад.

Дар ҳамин ҳол,  Амният Абдуназаров, як таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, бояд Тоҷикистон имконияти хубе барои ин нафарон фароҳам оварад. Ҳамасола Вазорати тандурустӣ ин нафаронро ташхис ва табобати ройгон намояд. Ба андешаи ӯ таъмини нафақаи ин нафарон аз ҷониби Русия (меросхӯри аслии Шӯравӣ) низ қобили қабул нест. Барои собиқадорони ҷанги 1941-1945 ҳукумати кишвари мо низ масъул аст.

«Дар ҳоле ки кормандони қудратии кишвари мо кӯшиш менамоянд, то дар Русия шаҳрвандӣ бигиранду нафақаи ин кишварро хӯранд. Яъне имрӯз ба хотири нафақа ватанафурӯшӣ мекунанд. Ин яқин аст!

Боре аз минбар гуфта будам, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд қарори махсусеро ба тасвиб расонад, масъулини вазорату кумита (ба хусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) ҳаргиз баъд аз истеъфо ё аз кор рафтан нафақаи кишвари дигареро нагиранд», хотирнишон мекунад мавсуф.

Ба андешаи ӯ дар як сатҳ гузоштани собиқадорони ҷанги Афғонистон ва иштирокчиёни садамаи Чернобил ба ветеранҳои ҶБВ аз рӯйи адолат нест, чунки инҳо қарзи интернатсионалистиро адо кардаанд, аммо иштирокчиёни ҶБВ барои ватан, ки номаш СССР буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!