Бахшҳо

Эшони Нуриддин: "Хӯрдани ҳаққи муҳоҷирон ҳаром аст"

Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, яке аз руҳониёни маъруфи Тоҷикистон гуфтааст, касоне, ки аз музди меҳнати муҳоҷирон бидуни ризоияти онҳо ҳаққи худро мегиранд, "ҷавобгар хоҳанд буд".

Эшони Нуриддин дар ин бора дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамо ё сайти turajon.org ҳарф задааст. Ӯ гуфта, ки“агар миёнарав муҳоҷиронро маҷбурӣ кор фармояду бе ризогии онҳо ҳақ мегирад, дар ин ҳолат кори ӯ ҳаром ва музде, ки мегирад зулм аст.” Аммо ин рӯҳонии маъруф таъкид кардааст, “агар вазифаи ин шахс таъмини кор асту шахси коргар розӣ бошад, ки як миқдор аз ҳаққашро ба хотири хидмат ба миёнарав бидиҳад, боке надорад.”

Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари афзоиши муҳоҷират фиреби муҳоҷирон аз тарафи миёнаравҳо низ афзоиш ёфтааст ва ин нигаронии мақомоти тоҷикро ба бор овардааст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар бисёри ҳолатҳо миёнаравҳо аз мавқеашон сӯистифода карда, муҳоҷиронро истисмор мекунанд ва ҳаққашонро намедиҳанд.

Барои гурез аз чунин ҳолатҳо ахиран Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, сокинони кишварро ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори кори Русия даъват карда буд.

Аз Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди як миллион нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, то 3,5 миллиард доллар дар як сол ба Ватан пул мефиристанд.
Мӯҳр
Философия,маъниву мундарича ва тарзу риштаву банду воситахои миёнарави гуногун аст."Посредник"хо хар хеланд.Вале аз хам бисьёр дар сохаи сохтмон мебошанд.Барои он,ки кас миёнараву корёб бошад,бояд,ки худи у тачрибаи калони ин сохаро дошта бошад.Бисёре аз мухочирони кори,азбаски дахсолахо боз дар сохтмон кор мекунанд,аз худи инженерхову прорабхои камтачриба дида пухтатаранд.Бинобар ин ба онхо муяссар мешавад,ки ба корафтодагон,яъне манзилу иншоотхои тичоративу истехсоли месохтагихо сару кор дошта бошанд.Ин чо ман худ сохтмончи ягон чиноятеро намебинам.Хаки "посредник"хо 10-фоиз аст.Яъне,агар мо 8-нафар чавонмарди кори,обьектеро ёбем.ки танхо сохтани он,2-миллион рубли русиро ташкил медихад,чаро ба он шахсе,ки инчоро ёёёфтааст,хаки мехнаташро надихем?Гохо мешавад,ки як гурух мухочирони кори таи 2-мох бекор меистанд.Ба хар як омади кор, касе сабаб мешавад.Чи илоч,дар мухочират хамин хел тартибот расм шудааст.Лекин миёнарав аз миёнарав фарк дорад.Баъзехояшон аз руи камтачрибагиву маккори,хаки мухочиронро ба киссаи худ мезананду мегурезанд.Боз хастанд,миёнаравхое,ки то охири кор хамрохи сохтмончиён дар чои кор сидкан кор мекунанд.Аз хама хубаш бо хамдехаву шиноси наздики худ кор кардан хуб аст.Психологияи русхои манзилсоз ин аст,ки то агар аз наздик мухочирони кориро наомузад(надонад),онхоро ба ичрои корхо намепазирад.Ин чо "услуг"и "посредник"хо лозим мешавад.

Димон
Худованд аз ин корхои бад нигах дорад муслиминро! Офарин ба Эшон ки хамавакт хакикартро мечуян ва хакро мегуянд зинда боши!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)