Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:56

Вакили мудофеъ мегӯяд, Кабирӣ аз мубориза даст намекашад

18 апрел 2013, 17:47

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Имсоили Сомонии пойтахт дар мавриди маъзаратхоҳии Муҳиддин Кабирӣ аз шаҳрдории Душанберо бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳ ин қарорро рӯзи 18-уми апрел содир кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, ба “Озодагон” гуфт, баъд аз як ҳафта ҳалномаи Додгоҳи шаҳри Душанберо дарёфт ва аз болои он ба раёсати Додгоҳи пойтахт шикоят хоҳанд бурд. Оқои Ёров мегӯяд, дар оғози баррасии шикояти онҳо қозии додгоҳ далелҳо дар бораи беасос будани ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро барарсӣ ва ба ҷониби ҷавобгар (ҳукумати Душанбе) дар ин маврид саволҳо пешниҳод кард.

“Аз ҷумла додрас суол кард, чаро аз болои он мақолаҳое, ки мардуми оддӣ менависанд, шикоят набурдеду маҳз аз болои Муҳиддин Кабирӣ, ки вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломист, шикоят бурдед. Аз ин суолу ҷавоби қозии парванда бо намояндагони ҳукумати шаҳр гумон кардем, ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро бекор мекунад. Аммо пас аз хонаи машваратӣ рафтан, додрас эълом кард, ки ҳалномаи додгоҳи қаблиро бе тағйир гузоштааст”,-афзуд Бузургмеҳр Ёров.

Чанд моҳ қабл ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос медонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!