Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:29

Гул Шералӣ нерӯгоҳҳои радкардаи Чинро матраҳ кард

18 апрел 2013, 18:02

Масъалаи асосноккунии техникию иқтисодии НБО-ҳои Нуробод-1 ва 2 дар дарёи Обихингов, ки ахиран аз ҷониби Чин рад шуданд, имрӯз, 18-уми апрел дар мулоқоти Гул Шералӣ, вазири энержию саноати Тоҷикистон бо роҳбари ширкати «Ходайз Тоҷикистон», Шрихари Ходай баррасӣ гардидааст.

Ба иттилои Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон вазири тоҷик масъалаи суръат бахшидани кор аз болои ин нерӯгоҳҳоро ба миён гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки барои татбиқи лоиҳаи неругоҳҳои Нуробод 1 ва 2 давоми чор соли охир ҳудуди чор сармоягузор, омодагиашонро барои маблағгузорӣ баён доштанд, аммо амалан дар ин самт кор пеш нарафта истодааст. Миёнаҳои соли 2009 –ум Чжан Син, мудири ширкати чинии «ТВЕА» ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки сар аз моҳи марти 2010, ширкаташ ба сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод – 1» мепардозад. Дар назар буд, ки Чин ба сохтмони ин нерӯгоҳ зиёда аз 560 миллион доллари амрикоӣ маблағ мегузорад, аммо баъдтар аз ин лоиҳа рӯй гардонд. Мақомдорони Тоҷикистон мегӯянд ин иқдоми ширкати чинӣ зери фишори Тошканд сурат гирифтааст, ки дар ҳоли ҳозир зидди лоиҳаҳои калони энергетикии Тоҷикистон баромад дорад.

Инчунин чор сол пеш, ширкати холдингии Қазоқистон, ТОО «АСПМК-519» иброз намуд, ки омода аст лоиҳаро маблағгузорӣ кунад. Соли 2009 – ум ширкати қазоқӣ аз ҷумла пешниҳод намудааст, 25 фоизи маблағгузории лоиҳаро, ҳукумати Тоҷикистон ба ӯҳда гирад, ки ҷониби Тоҷикистон инро номақбул донистааст.

Дар баробари ширкатҳои чинию қазоқӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод – 1», Эрон таваҷҷӯҳ кардаст. Охирон сармоягузоре, ки барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи «Нуробод 1» изҳори омодагӣ намуд, ширкати «Canog Energy Inc» мебошад. Бо вуҷуди таваҷҷуҳи сармоягузорон, ҳанӯз ҳам дар самти амалисозии лоиҳаи НБО – и «Нуробод – 1 ва 2» дастоварди назаррасе ба даст наомадааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!