Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

Амрико Узбакистонро “ҷазо” медиҳад

18 апрел 2013, 18:12

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад Узбакистонро ба хотири истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон, муҷозот кунад.

Тавре расонаҳои ғарбӣ иттилоъ медиҳанд, беш аз 50 ширкату созмон ва сармоягузорони амрикоӣ бо ирсоли як нома аз Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷии ИМА хостаанд, ки мақоми Узбакистонро дар ҳисоботи ҷаҳонӣ оид ба қочоқи инсон поин бибарад, то ин кишвар аз истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон худдорӣ кунад.

Тибқи гузоришҳо, дар соли 2012 мақомоти узбак ба хотири ҷамъоварии пахта садҳо ҳазор кӯдакон ва калонсолонро ба саҳро иҷборан сафарбар намудааст, ки миёни онҳо муаллимон, духтурон, донишҷӯён ва талабагони макотиби миёна низ дида мешуд. Гуфта мешавад, дар сурати нарафтан ба ҷамъоварии пахта ин афрод аз симатҳои худ барканор карда мешуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Америка номаъкул кардааст.Дар даврахои СССР мо бачахои дехахои пахтакор,субхгохон ба пахтачинихо мерафтем.Чи чои бади дорад,ки аз бачаги, ба таъмиру рондани техника шиносои дошта боши.Мо дехконбачахои СССР дар мухочират хам аз мущкилихо наметарсем.Эркаву нозук ба воя расидани бачахову чавонони мардуми Осиёи Миёна,расми мо нест.Ягон бачаи дехоти аз кори хонаву сахро худоро шукр,ки намурдааст."Кори бача.ба чени худаш", гуфтаанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!