Бахшҳо
18 апр 2013 19:23Сиёсат

Сӯҳроб Шарифов - Нюсмейкер

Дар ин моҳ (апрел) аксар шахсиятҳои бузурги дунё таваллуд шудаанд ва дар таърих ва ҷомеаи ҷаҳон бар ҳар василае таъсиргузор буданд. Дар ин миён яке аз донишмандони воқеии улуми фалсафа ва сиёсатшиносии тоҷик, доктор Сӯҳроб Шарифов, таваллуд шудаанд ва имсол аз зиндагии шарифашон ним аср сипарӣ мешавад.

Сӯҳроб Шарифов замоне ки масъулияти раисии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, аз хабарсозтарин мансабдорони кишвар буданд. Ҳамеша изҳороте медоданд, ки бар пояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон буд ва ҳеч гоҳ дар нуқтаназарҳояшон манфиатҳои миллиро қурбони манофеи қудрати сиёсӣ накардаанд.

Банда ба унвони журналист ва нафаре, ки то ҷое аз шахсият ва ҳайсияти эшон шиносоӣ дорам, чанд нуктаро мехоҳам дар ростои 50-солагияшон зикр кунам. Ҳамчунин ёдрас мешавам, ки бо ҷаноби Шарифов шиносоии мустақим надорам. Танҳо як дафъа дар ростои 99 - солагии матбуоти тоҷик якҷоя бо дӯсти ҳушмандам Абдуазими Абдуваҳҳоб як мусоҳибаро бо ҷаноби Шарифов барои рӯзномаи «ИмрӯзNews» анҷом дода будем. Дар ҳамин суҳбат гуфта буд, ки «барои мо ҳукумат муҳим нест, танҳо миллат ва давлат бояд муҳим бошад». Як дафъаи дигар бисёр кӯтоҳакак назари эшонро дар мавриди эҷод ва қабули Стратегияи давлатдориву миллатсозӣ пурсида будам. Аммо бо дидгоҳҳо ва назароти воқеан арзишманди эшон аз тариқи расонаҳо ва мақолоту китобҳояшон ошноӣ пайдо кардаам. Таҷрибаи шинохти ман аз ҷаноби Шарифов таври хеле мухтасар ҳамин хулосаҳои зер шуданд:

1) Пеш аз ҳама олими нерӯманд ва таҳлилгари воқеӣ ҳастанд. Суханронӣ ва мусоҳибаҳояшон одамро ба фикр ва мулоҳиза водор мекунад ва барои равшан намудани масъалаҳо мадад мерасонад. Бояд бигӯям, ки мо камтар таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ дорем, ки яке аз беҳтаринҳояшон ҷаноби Шарифов мебошанд;

2) Аз аксари ходимони давлатӣ фарқ доранд. Фарқият пеш аз ҳама дар самимияти инсонӣ мебошад. Одами дастрас ва бомулоҳиза мебошанд. Аз дастрастарин мансабдорон дар даврони раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ буданд ва имрӯз ҳам аз вакилони фаъоли парлумон мебошанд;

3) Муҳаббати самимӣ нисбат ба Тоҷикистони соҳибихтиёр доранд ва дар суханрониву мусоҳибаҳои худ инро нишон медиҳанд. Алорағми дигар мансабдорони давлатӣ ҳамеша дар мавриди воқеоти сатҳи кишвар назари худро баён мекунанд. Дар мавриди шахсияти президент, хонаводаи президент ва дигар мушкилоти кишвар, ки ба мансабдорони баландмақоми давлат марбутанд, бепарда ҳарф мезананд. Аз ҷумла, нуқтаназари эшон нисбат ба монополияи бозори маводи сӯхти кишвар, ки дар пушти он мансабдорони калидии ҳукумати кишвар панаҳ бурда буданд;

4) Аз миёни мансабдорони тоҷик нюсмейкер ба ҳисоб мераванд ва аксари суханҳои хабарсози эшон хусусияти мусбат дорад ва набзи ҷомеаро нишон медиҳад. Дар мавриди Стратегияи миллатсозиву давлатдорӣ гуфта буданд, ки «ҳарчанд характери идеологӣ доштани давлати моро Сарқонун иҷозат намедиҳад, вале бояд чунин як барномаи миллатсозиро таҳия ва бипазирем». Ҳамин ҷаноби Шарифов буданд, ки дар давраи раёсатшон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ чанд конфронсу як китобро чун корҳои муқаддамотӣ барои таҳияи ҳамин гуна барнома роҳбарӣ намуданд;

5) Яке аз вакилони фаъоли парлумон ба ҳисоб мераванд, ки дар қатори дигар ду-се вакил фаъолона дар баррасии қонунҳо иштирок менамоянд. Яъне аз шумори вакилоне ҳастанд, ки мансабдорон ҳангоми муҳокимаҳои парлумонӣ ва ё муаррифии лоиҳаву қонунҳо ба саволҳояшон ҷавоб дода наметавонанд;

6) Танҳо ду маврид будааст, ки ҷомеаи огоҳ ва расонаиву илмии кишвар нуқтаназарҳои эшонро чандон воқеӣ қабул накард. Яке назарашон дар бораи нуфузи ҲНИТ, ки гуфта буданд, ки нуфузи воқеии ин ҳизб дар миёни мардум хеле поин ҳаст. Дигар ин ки гуфта буданд, ҲХДТ нерӯмандтарин ҳизби кишвар мебошад ва номзади ин ҳизб дар интихобот баранда мешавад. Албатта, бо назардошти воқеиятҳои Тоҷикистони муосир бояд хулоса кард, ки ҷаноби Шарифов ин суханҳоро дар шароите мегӯянд, ки худ яке аз идеологҳои ин ҳизб ҳастанд.

Хулосаи ниҳоӣ ин ки дониш ва ҷаҳонбинии Сӯҳроб Шарифов навобаста аз системаи сиёсии ҷомеа барои Тоҷикистони ободу саодатманд бисёр арзишманд мебошад ва мо аз Худованди бузург ҳамин умедвориро дорем, ки эшон дар сатҳҳо ва шароитҳои хубтар ин таҷрибаи камназир ва ҷасорату мавқеи миллияшонро истифода мекунанд.

Иршод СУЛАЙМОНӢ
Мӯҳр
Рахим
Барои ахли илм сараввал часорат лозим, муттаассифона ин "пайгамбари" шумоён аз он бенасиб мондааст

Мухтарам Рахим....чорьяки часорати Сухроб Шариповро медошти..инсони бузург мешуди....Дар бораи кори олимии у шумо умуман бехабаред....Чи тавр мо точикон бадбинем нисбат ба фордхое, ки барои халк ва давлат мехнати халол ва хак мекунанд...Часорати ки шумо дар назар доред ин тарс аст..ин часорати шумо мегуед аз беаклии Шумо Рахим шохиди медихад..Бо устод Шарипов Сухроб барин инсонхо миллати мо обод хохад шуд..Табрик мекунам уро ва аз Худованди Бузург илтимос дорам ки саломат..ва кувваи сафедро ба у дихад....

Ягона иштибохе, ки Сухроб Шарифов дорад кор карданаш дар хамин хукумати вайрону валангор ва золим аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)