Бахшҳо
19 апр 2013 12:22Хабарҳои ҷаҳон

Маскав дар баҳри сиёҳ ба дунболи чист?

Ахиран Русия размоиши низомиеро дар дарёи сиёҳ анҷом додааст. Баргузории ин размоиш аз ин ҷиҳат, ки дарёи сиёҳ дорои як географияи печидаи геополитикист, бисёр пураҳаммият мебошад. Аз як сӯ новгони низомии Русия дар бандари Севастополи Украина қарор дорад ва аз тарафи дигар кишварҳои Романӣ, Булғористон ва Туркия, ки аъзои НАТО ҳастанд дар ин дарё нерӯи низомӣ доранд.

Ин размоиши 3 рӯза дар ҳоле баргузор шуд, ки мақомоти рус то замони шуруъ ҳечгуна иттилое ба НАТО ва кишварҳои соҳилӣ надода буданд, ки ин амр на танҳо дар дохил балки дар байни ҳамсоягони Русия низ таъаҷҷуббарангез буд. Дар ин тамрини низомӣ 7100 корманди низомӣ, 250 нақлияи зиреҳӣ, 50 туп, 36 каштии ҷангӣ ва 30 фарванд болгарду ҳавопаймо ширкат доштанд.

Гурҷистон ҳам, ки аз кишварҳои ҷамоҳири собиқи шӯравист ва хотираи ҷанги соли 2008 Русия алайҳи худашро фаромуш накарда дар ҳошияи дарёи сиёҳ қарор дорад. Дар маҷмуъ вокуниши ғарбиҳо ба ин размоиш чандон мусбат набудааст, албатта НАТО ба таври расмӣ аз инки русҳо ин созмонро дар хусуси шуруъи размоиш бехабар гузоштанд, мавқегирӣ накард аммо яке аз дипломатҳои НАТОнороҳатии созмонашро аз адами иттилоърасонии русҳо баён кард. Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон низ зимни судури баёнияе нигаронии шадиди кишварашро аз ин размоиш эълом кард ва Ҷапардиз раиси Кумитаи равобити хориҷии парлумони ин кишвар гуфт, Маскав нисбат ба размоиши як ҳафтаи қабли Гурҷистон бо Амрико, ки 400 туфангдори амрикоӣ дар он ширкат доштанд ва дур аз фазои баҳри сиёҳ баргузор шуд, вокуниш нишон дод ва онро таҳдидкунандаи сулҳ дар минтақа донист, дарҳоле, ки баргузории тамрини низомии худ дар дарёи сиёҳро ба иттилоъи Тефлис ва дигар ҳамсоягон нарасонд. Албатта вазири дифоъи Гурҷистон изҳор дошт, кишвараш аз ин размоиш эҳсоси таҳдиди мустақим намекунад. Вале ба ҳар ҷиҳат гурҷиҳо хотираи ногувори ширкати новгони баҳри сиёҳи Русия дар ҷанги соли 2008-ро ба ёд доранд ва нигаронии онҳо табиист.

Дар ин миён Украина бинобар изҳори назари мақомоти вазорати умури хориҷаи ин кишвар 6 рӯз қабл аз размоиш аз он мутталиъ шуда, аммо бархе аз мухолифи парлумони ин кишвар нисбат ба баргузории ин тамрини низомӣ вокуниш нишон дода ва гуфтанд қасд доранд иҷрои мувофиқатномаҳои бунёдин аз тарафи новгони дарёи сиёҳро бозрасӣ кунанд. Ба тавре, ки ду намояндаи парлумони ин кишвар дархост карданд машруъияти имзои мувофиқатномаҳои марбут ба истиқрори новгони дарёи сиёҳ аз тарафи раисҷумҳури Украина бозрасӣ шавад. Метавон гуфт вокунишҳои манфӣ дар Украина бештар мутаваҷҷиҳи нерӯҳои ғарбгарои ин кишвар аст, ки ҳамвора ба вогароӣ аз Маскав тамоюл доштаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Путин раисҷумҳури Русия аз ибтидои сеюмин давраи президентии худ бар доштани як артиши қавӣ ва чолок барои кишвараш таъкид карда ва дар тӯли 13 соле, ки дар раъси қудрат буда ағлаб аз вуҷуди хатароти хориҷӣ ва ниёз ба нерӯҳои низомии қобили эътимод ва ваҳдати сиёсӣ дар Русия сухан гуфтааст. Вай дар авохири моҳи гузашта ба сарони низомӣ дастур дод, то таи чанд соли отӣ даст ба ислоҳоти фаврӣ дар нерӯҳои низомӣ зада ва талошҳои ғарб барои барҳам задани тавозуни қудрат бо Маскавро беҳосил бигзоранд.Бинобарин баргузории размоишҳои низомӣ аз тарафи Русия метавонад ҳокӣ аз нигарониҳои ин кишвар нисбат ба НАТО ва қудратҳои ғарбӣ бошад.

Зимнан Димитрий Песков дабири матбуотии Путин дар хусуси ин тамрини низомӣ изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба теъдоди нерӯҳои ширкаткунанда дар ин размоиш ва дар чорчуби урфи байналмилалӣ лозим набуда Русия дар бораи баргузории он ба кишварҳои соҳилӣ иттилоърасонӣ кунад.

1- Димитрий Песков ҳадаф аз ин тамрини низомиро беҳбуди қудрати ҷангии нерӯи дарёии Русия ва низ озмудани тавоноии нерӯҳои дарёии кишвараш ҷиҳати анҷоми вазоифи худ донистааст.

2- Баҳсҳои марбут ба навсозии артиши Русия пас аз ҷанги 2008 ин кишвар алайҳи Гурҷистон низ матраҳ мебошад, батавре, ки таҳлилгарони низомӣ мӯътақиданд нотавонии нерӯҳои дарёии Русия баъд аз ҷанги соли 2008 бавузуҳ ошкор шуд ва баргузории ин қабил размоишҳо барои мушахас шудани нуқоти заъфи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар зарурӣ аст ва баъд аз баргузории тамрини низомии моҳи гузашта, артиши Русия, ки нерӯҳои дохилӣ ва миёнии кишвар дар он ҳузур доштанд, Грасимов фармондаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия изҳор дошт, теъдоде аз иштибоҳоти систематик дар ҷарёни ин тамрин шинохта ва ошкор шуд. Аз ин рӯ Маскав барои рафъи нуқсонҳо будҷаи 600 миллиард евроиро барои азнавсозии артиши Русия таи 10 соли оянда тахсис дода ва бо баргузории тамринҳои низомӣ саъй мекунад иродотро шиносоӣ ва онҳоро бартараф кунад.

3- Артиши Русия дарсадади ба рух кашидани пешрафтҳои низомӣ ва ислоҳи чеҳраи худ мебошад. Гуфта мешавад дар ҷанги соли 2008и Маскав алайҳи Тефлис замоне, ки яке аз фармондаҳои артиш қасди иртиботи майдонӣ бо бахши дигари нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар буд, ба сабаби набуди имконоти электроникии пешрафта маҷбур шуд аз тилифони дастии яке аз хабарнигорони ҳозир дар саҳна истифода кунад ва дар ҳамон ҳол артиши Гурҷистон дар ин робита имконоти беҳтаре дошт. Пас Маскав тамоюл дорад чунин чеҳраи ақибмондае аз артиши рус аз зеҳнҳо пок шавад ва пешрафтҳои нерӯи дарёии ин кишвар ва рафъи нақоиси собиқ барои ҳамсоягони ин кишвар ва НАТО ба исбот бирасад.
4- Баргузории бозиҳои олампии зимистонӣ дар Сочии Русия низ аз ҷумлаи далоиле унвон шуда, ки Русияро водор ба анҷоми размоиш карда то амнияти баҳри сиёҳро таъмин кунад, бахусус онки дар ҷарёни мусобиқоти олампик тараддуд аз масири баҳри сиёҳ ба Сочӣ афзоиш хоҳад ёфт.

5- Гуфта мешавад русҳо, ки хотираи талхи вазъитяи ошуфтаи Балкани даҳаи 90-ро ба ёд доранд ва ба сабаби адами қудрати кофӣ дар он мақтаъи таърихӣ наметавонистанд аз тарҳҳои якҷонибагароёнаи ғарб пешгирӣ кунанд, акнун тамоюл доранд аз ҳаводисе, ки дар иртибот бо Сурия рӯй медиҳад, ҷилавгирӣ кунанд ва бо анҷоми размоиши низомӣ дар баҳри сиёҳ, размоиши қаблӣ дар дарёи мадитарона ва тақвияти ҳузури низомии дарёии перомуни Сурия аз иқдомоти якҷонибаи ғарб алайҳи Дамешқ мамониъат кунанд.

Бархе аз коршиносон минҷумла Феодор Люкёнов сардабири маҷаллаи Русия ва сиёсати ҷаҳонӣ низ бар ин боваранд, ки Маскав бо анҷоми ин размоиш нишон доданист нерӯи дарёии ин кишвар дар ҳавзаи ҷануб қодир ба ифои вазоифи геополитикӣ ва сиёсии худ мебошад. Бинобарин анҷоми ингуна размоишҳои низомӣ ба маънои афзоиши қудрати таъсиргузории Маскав дар таҳаввулоти ҷаҳонист.

6 –Тарҳҳои тавсеъаталабонаи Амрико ва НАТО барои густариши сипари дифоъи мушакӣ аз ҷумлаи маворидест, ки Маскав дар тӯли солҳои ахир шадидан ба он вокуниш нишон дода ва чунин иқдомотеро ҳамчун муҳосираи Русия ва аз кор андохтани қудрати атомии ин кишвар медонад. Ин размоиш ҳушдор ба кишварҳоест, ки дар хусуси тавсеъаи сипари дифоъи мушакӣ бо НАТО ҳамкорӣ мекунанд, то мутаваҷҷиҳи авоқиби иқдомоти худ бошанд ва аз қудрати низомии Русия тасаввури ғайривоқеӣ надошта бошанд.

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)