Бахшҳо
19 апр 2013 14:46Тоҷикистон / Сиёсат

Тоҷикистону Русия: Дӯст, ҳамкор ва ё "мушу гурба"?

Чаро Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, маҳз замоне ки Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо қарор дошт, ба Русия рафт? Чаро маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо Рогозин алайҳи муҳоҷирони тоҷик ҳарф заду Онишенко қаторҳои моро тафтиш мекунад? Муносибати байни Маскаву Душанбе на танҳо барои муҳоҷирон муҳим аст. Ин муносибат метавонад таъсири худро ба ҷараёни интихоботи президентии Тоқикистон, иқтисод ва суботи Тоҷикистон бирасонад.


“Озодагон” тасмим гирифт, аз коршиносон бипурсад, ки ин ҳама мушкилҳо аз кучо сарчашма мегиранд? Муносибати байни Русияву Тоҷикистонро чӣ гуна метавон унвон кард: дӯстона, ғайридӯстона ва ё то ба ҳол номаълум?

Аркадий Дубнов, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ:

“Дар ҳоли ҳозир муносибати миёни Русияву Тоҷикистонро дӯстона намедонам. Барои он ки имрӯз мушкил аст давлатеро дӯсти Русия бихонем. Имрӯзҳо мо бештар бояд дар бораи ҳамкориҳои байни давлатҳо сухан бигӯем, ки то кадом андоза байни ин ва ё он давлат ҳамкориҳо қавӣ ё суст ҳастанд. Мо набояд муносибати байни ду роҳбарро муносибати байни ду давлат унвон кунем. Аммо на ҳама инро медонанд ва эътироф мекунанд, ки амнияти Тоҷикистонро танҳо Русия метавонад таъмин кунад. Вақте дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа гуфта буд, ки низомиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон дар сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат намекунанд, инро роҳбарияти Тоҷикистон бад қабул кард. Чунки ҳукумати Тоҷикистон ин базаро ҳамчун пойдор мондани ҳокимият медонанд. Дар бобати сохтани нерӯгоҳи “Роғун” инро гуфтаниям, ки роҳбарияти Тоҷикистонро намебоист онро ин қадар реклама кунад ва чун идеяи миллӣ нишон диҳад. Агар касе ҳам мехоҳад ин нерӯгоҳ сохта шавад, он ҳам Русия аст.”

Александр Князев, таҳлилгар:

“Ба назари ман, муносибати Русияву Тоҷикистон имрӯз як марҳилаи на чандон хубро пушти сар мекунад. Русия мехоҳад, созишнома дар бораи пойгоҳи 201 аз ҷониби Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасвиб шавад. Тоҷикистон дар навбати худ мехоҳад, ки Русия дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзандае дошта бошад. Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, табиист, ки Душанбе ба кумаки бештари Маскав эҳтиёҷ дорад.”

Муҳаммад Эгамзод, корманди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав:

“Муносибати миёни Тоҷикистону Русия дар марҳилаи хеле хуб қарор дорад. Дар бисёр масъалаҳо мо як нигоҳ дорем. Муносибати мо то ба имрӯз исбот кард, ки ҳеҷ мушкили ҷиддие байни мо нест. Давлати Тоҷикистону Русия дар оянда ҳам дар доираи созмонҳои бузурге монанди СПАД ва АвруОсиё робита ва ҳамкориҳо хоҳанд кард. Бо боварии том гуфта метавонам, ки Русия дар пеш, имрӯз ва дар оянда ҳам ҳамчун дӯсти асосии Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.”

Зафар Абдуллоев, таҳлилгар:
“Муносибати миёни кишварҳои моро “дӯстона”, “ғайридӯстона” ва ба таври дигар номгузорӣ кардан мушкил аст. Имрӯз ҳама кишварҳои пасошӯравӣ ва махсусан Тоҷикистон, ки зери назари абарқудрате мисли Русия қарор доранд, бояд ҳамеша тарзе истиқлоли худро нигоҳ доранду аз он дифоъ кунанд, ки Русияро нороҳат насозад. Аз байн рафтани ҳамкориҳои даврони Шӯравӣ ва эҳтиёҷи ҳукумати Раҳмон ба ҳимояту кумаки Ғарб ва Амрико муносибати Маскаву Душанберо пешгӯинашаванда кардааст. Ман ин муносибатро муносибати “шубҳанок” унвон мекардам.”

Халил Қаюмзод,
махсус барои "Озодагон"
Мӯҳр
Ба Мухамади Эгамзод.
Ба фикрам Шумо хатто намедонед, ки дар дунё чи гапай!. чигуна дусти аст ки як Жирики лаки президенти моро тахдид менамояд, ки холи мебинем гурухи толибон меоянд мисли президенти собики Чумхурии Исломии Афгонистон мархум Начибулло ба дор меовезандаш!. то кай бо дуруг хукумат меронед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)