Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:52

Жириновский дар бораи тақдири Раҳмон, пойгоҳи 201 ва муҳоҷирон (ВИДЕО)

19 апрел 2013, 16:42

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия ва муовини раиси парлумони ин кишвар, барои тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-ум зарур донистааст, ки аз муҳоҷирон ҳамчун фишанг истифода шавад.

Жириновский дар барномаи “Поединок”-и шабакаи телевизионии “Русия 1” бо Виктор Анпилов, роҳбари ҳаракати “Русияи коргарӣ”, вориди баҳс шуда, алайҳи муҳоҷирон суханҳои шадид гуфтааст. Ӯ муҳоҷиронро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия хондааст.

Дар дақиқаи 35-уми барнома Жириновский дар муроҷиат ба Анпилов изҳор доштааст, ки “айни ҳол дӯстони тоҷики Шумо бешармона боз нарх барои пойгоҳи 201-умро баланд мекунанд. Медонанд, ки Русия пул дорад ва бисёртар мехоҳанд. Ана, мо мегӯем, ки дигар муҳоҷирони кории Шуморо қабул намекунем! Он гоҳ Раҳмон чӣ кор мекунад? Раҳмон хуб медонад, ки дар ин ҳолат исломиёни афғон Тоҷикистонро поймол мекунанд.”




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • qudrat

  • 21 апрел 2013 00:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
видео
Посух додан
  • бародари шумо

  • 18 октябр 2013 11:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамватанони азиз ин сафсатахоро гуш накунед мо аввал худо дорем баъд чаноби оли саъю кушиши у ба хама маълум аст хамаи ин захматхояш барои халкаш хаст худо нигахбонаш сиёсати пешгирифтаи у хаст ки сулху субот пойдор аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!