Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

Радди пахши клипи PSY ва пайравии Фарзин аз "Гангнам стайл"

19 апрел 2013, 17:33

KBS, бузургтарин ширкати телевизион ва радиошунавонии Куриёи Ҷанубӣ аз пешниҳоди клипи нави рэпсаро Псӣ (PSY) даст кашидааст.

Роҳбарияти шабакаи телевизионии KBS гуфтаанд, «Gentleman» наворҳое дорад, ки барои бинандаи ҷавон метавонад, намунаи баде бошад. Ин дар ҳолест, ки Пан Кин Хе, президенти Куриёи Ҷанубӣ панҷшанбеи 18-уми апрел ба ҷонибдорӣ аз PSY сухан гуфт. Ба қавли вай, рэпсаро барои истифодаи ҳаракатҳои рақсӣ дар клипи «Ҷентелмен», ки чанд сол қабл як гуруҳи дигари куриёӣ фикр намуд, маблағ пардохт кард. «Ин далели эҳтироми Псӣ ба ҳаққи муаллифӣ аст»,-гуфтааст Пан Кин Хе.

Клипи «Ҷентелмен» дар саҳифаи расмии PSY дар YouTube 13-уми апрели соли равон нашр шуда ва онро то имрӯз бештар аз 140 миллион бор тамошо кардаанд. PSY баъд аз пешниҳоди клипи «Gangnam Style» дар соли 2012 шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Теъдоди бинандаҳои он дар YouTube кайҳо марзи миллиард нафарро гузаштааст.

«Гангнам стайл» дар қатори маъруфтарин клипҳои соли сипаришуда мақом гирифт. Бисёре аз шахсиятҳои шинохта дар мавриди он изҳори назар карданд. Пан Ги Мун, дабири кули СММ PSY-ро маъруфтарин куриёӣ дар ҷаҳон унвон кард. Даҳҳо нафар дар саросари сайёра бо истифодаи оҳанги ин тарона суруд хонданд. Гуруҳи тоҷикии «Фарзин» ҳам як таронаи худро (Ҷигак-ҷигак) бар пояи оҳанги «Гангнам стайл» иҷро карда ва оҳанги дигари худро (Духтари ванҷӣ) бар матни Псӣ пайванд кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!