Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:43

Латту кӯби муовини Кабирӣ. ҲНИТ ҳамла ба М.Ҳайитро фармоишӣ донист

19 апрел 2013, 21:25

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамлаи афроди ношинос ба Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ин ҳизбро, фармоишӣ донистанд. Оқои Ҳайит шоми рӯзи 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зисташ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношинос қарор гирифта, ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, суханггӯи ҲНИТ, дар сӯҳбат бо “Озодагон”, ин ҳамларо ба фаъолиятҳои сиёсии Муҳаммадалии Ҳайит рабт дода ва гуфт, “ин амал бо фармоиши доираҳои хос” сурат гирифтааст. Оқои Ҳайит чанд соли ахир ба ҳайси муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият дорад ва борҳо амалкардҳои ҳукумати кунуниро ба боди танқид кашидааст.

Латту кӯби оқои Ҳайит соати 19:40-и 19-уми апрел сурат гирифтааст. Замоне ки ӯ пас аз анҷоми омодагиҳо ба ҷашни чиҳилумин солгарди ҲНИТ аз қароргоҳи ин ҳизб ба манзилаш мерафт. Ҳоло ӯ дар бемористони Қарияи Болост ва ҳамкоронаш дар бораи ин ҳодиса ба пулис гузориши расмӣ додаанд. Дар ҳоел ки ба гуфтаи онҳо чаҳор рӯзи ахир Муҳаммадалии Ҳайит ба таври ғайрирасмӣ ба идораи пулис даъват шуда, зоҳиран таҳти фишор қарор доштааст.

Ин ҳамлаи нахустин ба масъулони баландпояи ҲНИТ дар Душанбе нест. Қаблан Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар наздикии манзили зисташ мавриди ҳамла қарор гирфита, сахт маҷруҳ шуда буд. Ҳарчанд масъулони ҲНИТ ба мақомоти пулис дар ин бора муроҷиат карданд, вале то ҳол омилони латту кӯби ӯ пайдо нашудаанд.

/size]


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • бетараф

  • 19 апрел 2013 21:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худованд шифои комилу очил насиб кунад шуморо устоди азиз
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акнун як рох боки мемонад: ё ичозат медиханд , ки хамрохи худ силохи оташфишон гирифта гаштан мумкин аст. ё телех гирифтан лозим меояд, в-агарна кас аз сояи худ мехаросад дар ин шахр....
Посух додан
  • НАХЗАТИ

  • 19 апрел 2013 22:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо медонанд,ки дар интихобот ХНИТ пируз мешавад бо хар гуна роху васила мушкилие ба ХНИТ ва аъзоенаш меоранд. Эхххх,чи гуям. Шумо бо ин пеши рохи ХНИТ ва аъзоенашро гирифта НАМЕТАВОНЕД
Посух додан
  • Осим

  • 19 апрел 2013 22:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар асл умуман сангро бардарахте мезанандки мева дорад.нахзатихохам дар худ чоу манзалате дорад бари хамин душманхо санг мезананд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ин ки ин Ҳамла фармоишист, ҳеҷ шаке нест, вале чизи аз ҳама аҷоибаш ин аст, ки Оё ин ҳукуматдорони мо дар ҳақиқат гумон мекунанд, ки бо ин тарзи Муъомила метавон ҳукумат кард!!??
Ҳар як Рузе, ки моро бо Интихобот наздик мекунад бароям инро собит месозад, ки ин Интихобот барои мардуми Тоҷик воқеъан сарнавиштсоз аст, вале чигуна сарнавишт хоҳад сохт инро вақт маълум хоҳад кард!
Худованд ба Маҷруҳи "Мазлум" шифои комил ато кунад!
Посух додан
  • УСТУВОР

  • 20 апрел 2013 07:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ФИКРАМ М ХАИТ КАРИБ 60 СОЛА АСТ ВАЛЕ ХЕЛЕ ЧАСУР ИН НОМАРДХОИ ЗАДАГИ ЯК БА ЯК БА МАЙДОНИ МАРДОНАГИ БАРОЯНД.
Посух додан
  • обид

  • 20 апрел 2013 07:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИншоаЛЛОХ
ХНИТ
ПИРУЗ АСТ
Посух додан
  • Эмомхатиб

  • 20 апрел 2013 09:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд шифо дихад, дуо мекунам, ки харки шуморо ба ин ахвол овард дар азобу машакати Худованд дар монад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЛБАТТА ИН ФАРМОИШИ БУД, АЛБАТТА....
ВАКТЕ РАСИДА ИСТОДААСТ, КИ ТАМОМИ АРМИЯИ ТОЧИКИСТОН ТАМОМИ МИЛИСАИ ТОЧИКИСТОН ТАМОМИ КОРМАНДОНИ АМНИЯТИ МИЛЛИРО ДАНГАРА БАРАНД ВА ДАНГАРАРО МУХОФИЗАТ КУНАНД.........

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!