Бахшҳо
20 апр 2013 12:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муддаии курсии холишудаи парлумон алайҳи “облава”

Раҷаби Мирзо, муддаии курсии холишудаи парлумон дар ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ, мегӯяд, бештари интихобкунандагон дар сӯҳбат бо ӯ аз “облава” ё даъвати иҷбории ҷавонон ба сафи артиш шикоят кардаанд.

Дар ҳоле ки ба қавли оқои Мирзо, “мо гуфтем, ин амал ғайриқонунӣ буда, ягон ҷанбаи ҳуқуқӣ надорад. Ин амали шахсони масъул аз он шаҳодат медиҳад, ки дар иҷрои кори худ ноӯҳдабаро ҳастанд. Онҳо, баръакс, бо ин амалашон чунин вонамуд мекунанд, ки Артиши мо як ҳолати даҳшатзо дорад, ва ҷавонон ихтиёран рафтаву хидмат карда наметавонанд.”

Роҳбари маркази сотсиологии “Бозтоб” ва муассиси нашрияи “Рӯзи нав”, ҳоло барои соҳиб шудан ба курсии холимондаи Рустам Латипов дар Маҷлиси Намояндагон талош дорад. Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон дар парлумон, пас аз он ки раиси ноҳияи Восеъ таъин шуд, курсияшро холӣ гузошт.

Раҷаби Мирзо дар ин интихоботи миёндаврӣ, ки панҷуми майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, аз роҳи худпешбарӣ иштирок мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, то кунун бо бисёре аз интихобкунандагон дидору мулоқот анҷом дода, ба онҳо гуфтааст, дар муддати як сол ба ваъдаҳояш вафо хоҳад кард. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, ҳозир аcт бечунучаро аз ваколаташ дар Маҷлиси Намояндагон даст бикашад.

“Имрӯз (20 апрел) дар як бунгоҳи тиббӣ ва дар рустои Ибрати ноҳияи Восеъ бо интихобкунандагон суҳбат намудам. Мавзӯи сӯҳбати мо масъалаи интихобот ва шиносоӣ бо интихобкунандагон буд. Ман ба ҳар яки эшон рақамҳои телефон ва визиткаи худамро дода ва ваъда супурдам, ки агар маро вакили худ дар парлумон интихоб кунанд, ҳар мушкиле, ки доранд метавонанд ба ман бирасонанд. Ман дар навбати худ метавонам мушкили эшонро масъалагузорӣ кунам, зеро депутат ҳамингуна ҳақро дорад. То анҷоми ваколати вакили ин курсӣ ду соли дигар боқӣ мондааст ва ман гуфтам, барои як сол ваъда медиҳам. Ҳар ваъдае, ки ман медиҳам агар дар муддати як сол иҷро накардам, омодаам, ки истеъфо диҳам”,-афзуд ӯ.

Ин хабарнигори шинохтаи тоҷик бори дувум аст, ки барои ворид шудан ба парлумони Тоҷикистон талош мекунад. Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2005 низ номзадияшро дар шаҳри Душанбе гузошта, вале натавониста буд вориди парлумон гардад.
Мӯҳр
dd
Восеъ, ки худ аз пасмондагони факиртарини кишвар ба шумор меравад дар мудати як сол аз кадом хисоб метавон ваъдаро вафо кард? Сол то сол бад шудавни дарёи ёхсу, хаку нохак таксим кардани заминхои кишт, бемории сил, набудани корхонахои саноати, пурра забт крдани фермерхо аз заминхои хочаги, ва садхо иншооти давлати дар хама дехотхо дорухонаву богча китобхонаву кулубхо ки хусуи гаштанд пас баркарор кардни ин дар мудати 366 руз мутмаини, ки пас мегардад?????

Интихобкунанда
Мухтарам вакили оянда мо ҷавоби шуморо ба саволи bb интизорем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)