Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Парвандаи латту кӯби муовини Кабирӣ ва хулосаи Шӯрои сиёсӣ

20 апрел 2013, 13:32

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ тасмим гирифтааст, аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳад, ки нисбат ба масъулони ин ҳизб чораҳои амниятӣ андешанд. Ин тасмим рӯзи 20-уми апрел, пас аз латту кӯби муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит, гирифта шудааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, ба “Озодагон” гуфт, Шӯрои сиёсӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст, мавқеи ҳизбро нисбат ба фишору таъқиби аъзояш дар як нишасти матбуотӣ рӯзи душанбеи 22-юми апрел баён дорад. Ин дар ҳоелст, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи латту кӯби муовини раиси ҲНИТ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, пас аз шунидани хабари ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳайит дарҳол Шералӣ Сабзов, муовини вазири умури дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков, сардори шӯъбаи умури дохилии Душанбе ва гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, аз онҷо боздид кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, тамоми фарзияҳои мавҷудбуда дар мавриди ҳамла ба муовини раиси ҲНИТ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ мунсифона таҳқиқ хоҳад шуд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоми 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили истиқоматияш дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!