Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:40

Таҳлилгари тоҷик: Муҳаммадалии Ҳайитро барои муборизаҳои сиёсияш задаанд

20 апрел 2013, 18:27

Амният Абдуназаров, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, Муҳамадалии Ҳайит, муовини райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба касе кинаву адоват надошт ва лату куби ӯ ба ошкорбаёнӣ ва муборизаҳои сиёсияш пайванд мегирад.

Сиёсатшиноси тоҷик дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Муҳамадалии Ҳайит ҳамеша ҳақиқатро мегуфт ва барои адолат талош мекард: «Ба андешаи ман ин қазия метавонад фармоишӣ ҳам бошад. Дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуруҳе мехоҳад, бо чунин амалҳо одамонро тарс бидиҳад. Вале ин кор ба манфиати ҳукумату давлат ва миллат нахоҳад буд ва нуфӯзу обрӯи ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш хоҳад дод».

Аз ин пеш Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, суханггӯи ҲНИТ ҳам гуфта буд, ҳамла ба ҷаноби Ҳайит «ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ марбут аст».

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ шаби 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зишташ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта ва ҳоло дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, ҳоло вазъаш каме беҳтар шудааст. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба лату куби муовини райиси ҲНИТ ин ниҳод парванда боз кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин лату куб кардани инсони шариф,албатта аз "боло" ишорат шудааст. Як руз не як руз албатта ин сир фош мешавад.Зеро,номард,ки хастед,худи шумо сиратонро ошкор месозед. Чиноят бе чазо нахохад монд.
Посух додан
  • Амон аз Айни

  • 21 апрел 2013 20:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Назаров ин казия ба сиёсат чи иртибот дорад? Бо лату куь кардани Хаит ба хукуматдорон чи фоидае мерасад? Агар даделе дар даст доред,ки кори хукумат аст, метавонед гуед,ки кадоме аз хукуматихо фармон додаанд? Ин хама посух мехохад!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!