Бахшҳо
08 июл 2011 10:26Гузориш

Тамрингоҳи амрикоӣ: Ҳамкорӣ ва ё тавозун?

Бо баҳонаи тамрингоҳ сохтани пойгоҳ ва ё бештар гардидани нуфузи Амрико дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Агар ИМА бубинад, ки ҷое холист, ҳатман он фазоро пӯшиш хоҳад дод. Ҷои шак нест. Шубҳа надошта бошед, ки дар мавриди Тоҷикистон низ метавонад чунин шавад…



Санги асос
Кен Грос, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи горди миллӣ дар Қаратоғ барои бунёди тамрингоҳи таълимии омўзишӣ хишти аввал гузоштанд. Генерали тоҷик, ки дар ҷамъи хабарнигорон сухан мегуфт, иброз дошт, ки «масоҳати умумии маркази таълимӣ 200 гектар буда, бунёди лабиринт, толор барои тирпарронӣ, гарнизон, казарма, ошхона ва нуқтаи тиббӣ дар нақша аст. Дар маркази мазкур якбора 300 нафар намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон метавонанд таълим бигиранд». Ҳадаф аз бунёди маркази омўзишии ҳарбиро фармондеҳи гвардияи миллии Тоҷикистон дар омода намудани мутахасисони ҳирфаӣ дар бахшҳои мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва одамрабоӣ арзёбӣ намуд. Кен Грос дар тақвияти ин суханҳо гуфт, ки Тоҷикистон ва Амрико дар бахши амнияти милливу мубориза бо маводи мухаддир равобит ва ҳамкории зич дошта, ҳамакнун барои аз байн бурдани терроризм низ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Сафири Амрико бунёди тамрингоҳи таълимиро барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин марказ ҳеч гоҳ ба қароргоҳ табдил нахоҳад ёфт. Дар ҳамин маврид, ҷаноби Раҳмоналӣ Раҷабалӣ мегўяд, дар оянда барои аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон дар ин тамрингоҳ мешавад машқҳои муштараки низомиёни давлатҳои минтақаро баргузор намуд.

Пӯшиши амрикоӣ
Раҳматкарими Давлат, таҳлилгари масоили сиёсӣ бунёди чунин як марказро муҳим арзёбӣ намуда мегўяд, «Тоҷикистон чанд размоишгоҳ аз артиши Шуравӣ ва нерўҳои вазорати дохилаи собиқи шуравӣ ба мерос гирифта буд, ки дар онҳо шароити машқӣ вобаста ба чолишҳои муосир, назири терроризм ва одамрабоиву маводи мухаддир вуҷуд надорад. Аммо, ин маънои онро надорад, ки Амрико бо сармоягузории тарҳе манфиатҳои хешро сарфи назар карда бошад. Ин ҷо низ ба сурати умумӣ мубориза бо терроризм ва он ҳадафҳои дигаре, ки эълон шудааст, ба манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад".
Раҳматкарими Давлат фарзияҳо дар мавриди бо баҳонаи тамрингоҳ сохтани пойгоҳ ва ё бештар гардидани нуфузи Амрикоро аз эҳтимол дур медонад. Зеро агар Амрико бубинад, ки ҷое холист ҳатман он фазоро пӯшиш хоҳад дод. Ҷои шак нест. Ҳамин пойгоҳҳои низомие, ки аз ҷониби Амрико дар Афғонистон мустақар шудааст, аз ҷумла Бағлон, Шиндон ва Қандаҳор, ҳама пойгоҳҳои собиқи русҳо буданд. Холӣ шуданд, Амрико онро пур кард. Шубҳа надошта бошед, ки дар мавриди Тоҷикистон низ метавонад, чунин шавад. Ин аз гароиши равобит ва авзои ояндаи ҷаҳон ва минтақа вобаста аст.

+    ва   -   ҳамкориҳо
Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятии маркази тадқиқоти стратегӣ мегўяд, Тоҷикистон зимни ба роҳ мондани равобиту ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷ бояд эҳтиёткор бошад ва манфиатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиат болотар гузорад. Албатта бунёди тамрингоҳи низомӣ воситаи хубе барои омода кардани мутахассисони тоҷик дар қаламрави кишвар мебошад. Комёб Ҷалилов  мегўяд, ҳар ҳамкории низомӣ дар натиҷа пайомади манфӣ ва мусбат дошта метавонад. Масъули маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, зиди ҳама гуна бунёди тамрингоҳу қароргоҳҳои низомии хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Аммо чун ҳоло замони сиёсати ҷаҳонӣ аст, Тоҷикистон ҳам бояд вориди чунин бозиҳо шавад. Аз ҳамкориҳои давлатҳои хориҷ канораҷуйи накарда, манфиатҳои худро пеш гузорад. Ҷалилов бар ин назар аст, ки дар ин авохир давлатҳои хориҷ ба хусус Русия, Эрон, Фаронса ва Амрико бо Тоҷикистон бештар дар бахши амниятиву низомӣ ҳамкорӣ мекунанд, ки ҳамаи кишварҳо барои манфиати худ таҷҳизоташонро ба мо мефурўшанд ва ё дар оянда мо дар баъзе масоил ҳатман аз онҳо вобаста мешавем. Аз ин хотир, Тоҷикистон дар баробари ҳамкорӣ бояд эҳтиёткор бошад, то ин ҳамкориҳо монеъи якдигар нашаванд, илова намуд Комёб Ҷалилов.
Аммо ба назари Раҳматкарими Давлат бунёди тамрингоҳи низомӣ монеае барои ҳамкории низомии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо нахоҳад шуд. Агарчӣ ин тасмими Амрико бойиси асабонияти Русия, Ўзбакистон, Эрон ва Чин мешавад, аммо агар ин тарҳ фаротар аз тамрингоҳ наравад, пас наметавонад боиси ба сардӣ гаравидани ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар бошад. Ҳамзамон, Тоҷикистон бояд муносибати худро бо ин тамрингоҳ хеле ҷиддӣ ба роҳ монад, то нигаронии имрўзаи кишварҳои дар боло зикр ёфта дар оянда ба хашм табдил наёбад, илова намуд Раҳматкарими Давлат.

Аммо 13 миллион $ чизи андак ҳам нест…
Бояд гуфт, ки сохтмони тамрингоҳи таълимии низомӣ дар ду давра ба назар гирифта шудааст. Қарор аст, марҳилаи аввали бунёди тамрингоҳ то ҷашни истиқлол ба маблағи 3,1 млн доллар ва марҳилаи дуввум охири соли 2012 бо маблағи 10 млн долар анҷом ёбад. Кен Грос гуфт, ки албатта имконият барои суръат бахшидан ба  бунёди марказ вуҷуд дорад, аммо Вашингтон барои сохтмони тамрингоҳи низомии ҷавобгў ба меъёри байналмилалӣ ва бо сифати баланд ҳавасманд аст. Аз ин хотир, ба эҳтимоли зиёд тамрингоҳи мазкур дар мўҳлати пешбинӣ шуда ба истифода дода шавад.
Маврид ба зикр аст, феълан Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, гумрук ва амнияти минтақа ҳамкорӣ доранд. Кен Грос гуфт, ки албатта Амрико барои ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст, аммо танҳо дар он ҳолате, ки шароити хуби сармоягузорӣ ба миён ояд. Дар Тоҷикистон барои мусоид намудани фазои сармоягузорӣ бисёр тадбирҳоро бояд андешид. Ба гуфтаи Кен Грос сармоягузорони амрикоӣ бояд аз ҳамкории худ дилпур бошанд ва боварӣ барои ба даст овардани суд ва бозпас гирифтани маблағашонро низ дошта бошанд.

Ҳумайрои БАХТИЁР
{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)