Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 17:13

Сарез бори дигар ҷунбид. Мақомот: Зиёне нарасидааст

22 апрел 2013, 09:20

Субҳи барвати имрӯз, 22-юми апрел, дар минтақаи кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон заминларза рух дод.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар суҳбат бо “Озодагон” иқтидори заминларзаро ҳудуди 2,5 балл арзёбӣ намуд. Вале ӯ гуфт, ин заминларза хисороти молию ҷонӣ наовардааст ва ба садди кӯли Сарез низ зараре нарасондааст.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл дар минтақаи Сарез заминларзаи 4,7 баллӣ рух дода буд, ки ба гуфтаи мақомот он ҳам хисороте ворид накардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!