Бахшҳо
22 апр 2013 13:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Роҳи оҳани Тоҷикистон: Русия мехоҳад, бозори моро соҳиб шавад (ВИДЕО)

Ширкати “Роҳи оҳан” мегӯяд, боздиди ахири Дмитрий Рогозин ва Геннадий Онишенко аз қаторҳоии Тоҷикистон барои ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Усмон Қаландаров
, муовини сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, зимни ҷаласаи мушовараи назди Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар, аз бурду бохти роҳи оҳан гузориш дода, таъкид кардааст, ки “тафтиши қаторҳои мо аз ҷониби ашхоси воломақоми Русия як навъи рақобати носолими бозори нақлиётӣ мебошад. Дар Қарғизистон 80, Озарбойҷон 50 фоиз алаккай қатораҳои русӣ дар равуоанд ва мақомоти рус мехоҳанд, бозори мо ва Узбакистонро низ танг кунанд.”

Қаландаров таъкид кардааст, дар сурате ки мақомоти рус ба мақсадашон ноил шаванду бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст оранд, камаш 500 корманди “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бекор мемонад.

Ахиран Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштанд, ки вазъи онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест ва пешниҳодҳое садо доданд, ки иртибот тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон қатъ гардад.


Мӯҳр
Ба рости аз суханони ин вазир хандаи кас меояд. Вой бар холат точикистон бо чунин вазирону бо чунин фахмишхои иктисоди!!!!!!!!!!!!Мо ба кучо равонаем???!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)