Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:13

Ҳимояти журналисти рус аз тоҷикону Тоҷикистон (Навор)

22 апрел 2013, 14:49

Дар ин шабу рӯз, ки Русия ба ҳар васила барои Тоҷикистон мушкил эҷод мекунаду бархе сиёсатмадоронаш алайҳи тоҷикон санг меандозанд, навори барномаи журналисти шинохтаи рус Владимир Саловёв ба ҳимоят аз тоҷикону Тоҷикистон дар Ютюб мечархад. Оқои Соловёв дар ин барномаи худ, ки хеле пештар сабт шудааст, аз тоҷикону Тоҷикистон ҳимоят карда, онҳоро соҳиби тамаддуну фарҳанги бой муаррифӣ намудааст.

Ӯ дар ин барномаи худ бо таъкид ба мардуми рус ва сиёсатмадорони ин кишвар мегӯяд, “биёед, як бор холисона ба таърихи ин халқ нигарем. Тоҷикистон танҳо дорои баландтарин қулла нест, танҳо дорои табиати зебову меваҳои ширин нест, балки таърихи бузург дорад, ки имрӯз аз мероси гузаштагони онҳо тамоми ҷаҳон истифода мекунад.”

Ин хабарнигори шинохтаи рус дар идома меафзояд, “ҳозир ба Шумо номҳои тоҷиконе, ки дар таърихи инсоният мақоми бузургу худро доранд, мегӯям, ки шояд гумон кунед, Шуморо масхара дорам. Абӯалӣ ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Ал-Форобӣ, Ал-Берунӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Борбад ва Беҳзод беҳтарин фарзанди тоҷиконанд. Онҳоро дар замони худ ҳам дар берун аз ҳудуди Суғди қадим, Хуросон, ва Мовароуннаҳр низ мешинохтанд.”

Владимир Соловёв аз суруди машҳури “Я встретил девушку” нз ёдоварӣ кардааст, ки дар даврони Шӯравии пешин маъруф буду муаллифи он ҳам Мирзо Турсунзода аст. “Румӣ, ки ҳамасри Чингизхон буд, тоҷик аст. Ӯ тоҷик буд ва як замон дар Туркия зиндагӣ кард. Дар ҳаштсолагӣ шеър мегуфт”,-илова кардааст ӯ.

Вай ҳамчунин гуфтааст, “мо русҳо худро аз ҳама болову доно мегирем ва мегӯем, ки Ломоносов дорем. Як бор аз замони Ломоносов дуртар нигоҳ кунеду бубинед, ки мардуми тоҷик то мо чӣ таъриху фарҳангу фалсафа доштанд. Солшуморие, ки имрӯз мо дорем, онро ҳам тоҷикон тартиб додаанд. Ҳайрон нашавед, таърихро бидонед.”




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилхуш

  • 22 апрел 2013 15:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба рости дар чомеаи имруз чунин шахси хакикатгуву хакикатчу будааст, ки фарханги як миллати дигарро дар мукоиса ба фарханги халки худ болотару авлотар бахогузории мекардааст. Офарин!
Номи ин шахсро дар таърих сабт бояд кард.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ростӣ, пас аз шунидани чунин суханҳо ҳар як тоҷик аз ин зикрҳо бояд як илҳоме бардораду курта курта гӯшт гирад. Зеро на ҳар як мардуми рус нисбати тоҷику тоҷикистон чунин фикрҳо доранду чунин баёни сухан. Ман фикр мекунам, ки барои чунин баҳо додан ба таърихи бойу ғании мардуми тоҷик ва шиносоии бештареро барои мардуми ғайр манзур доштан ба муаллифи гуфторҳо Соловёв Владимир аз номи халқи тоҷик садҳо маротиба раҳмат хондан зарур аст. Зеро, бо сабаби рафторҳои чанд тане аз мардуми тоҷик дар хориҷ тоҷику тоҷикистонӣ миёни дигар миллатҳо чун "зоғи ало" муаррифӣ шудаанд. Ва бошад, ки сафи чунин муаллифон зиёд бошанду на танҳо тавассути радио, балки тавассути зумра дигар васоити ахбори омма хосса телевизион чунин баромадҳои бомантиҷу далелнок бисёртар садо диҳанд. Ва ман умед дорам, ки пас аз ин баромад мардуми ғайр нисбати мо тоҷикон бо назари дигар менигаранду моро чун миллати рӯдакиву синову хайём ғ. қадр мекунанду арзи сипос мекунанд. Ва дар навбати худ, ҳар як тоҷикистоние, ки дар мулки ғарибӣ асту худро муҳоҷир мепиндорад, кӯшиш намояд, ки гуфтаҳову зикрҳои ин шахси мӯътабарро мояи ифтихор дониставу қадрқ манзалти Т О Ҷ И К Р О миёни дигар қавмҳо боло дорад. Аҳсан бар Соловёвҳо барин шахсиятҳои донову закӣ ва оқил!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офарин ьа ин ьародари рус.
мутаассифона мо точикон павйрави аз Шекспиру чум кихо мекунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар мекунед, ашки шоди рехтам, пас аз хама бадномихо. Ва боз зиёдтар фахр кардам, ки Точикистониам- точикам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Offarin ! offarin ! offarin !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ахли башар
Ман ин лахза намедонам чи гуна додбизанам то диламро ором кунам, набошад мекафад.
Рахмат падаратро.
Халки ман Машашав ноумед,
Ки боз ояд барсарат хуршед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана журналисти рус таърихи моро донистаст аҳсант ба Ӯ. Акнун ман ба ҳамаи ҳамватанонам муриҷиат карда мегуям ки таъриху тамаддуни худро хонанду хуб аз худ кунанд. Мо ҳама аз ин гуфтаҳо хурсанд мешавем ки ӯ таърихи моро медонад ва мо фахр ҳам мекунем локин мо худомо таърихи худамонро намедонем.......................
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман, прфессор, забоншинос Навруз Гулзод Алхол дар Донишгохи лингвистии Маскав ба донишчуёни русзабон аз забони точики дарс мегуям. Дар холи кунун душвортарин масъала барои ман таргиби забони точики аст, чунки кадру мазаллати ин забон то андозае костааст, ки тавччухи шогирдонро ба омухтани ин забон чалб кардан хеле сангин аст. Албатта, кадр доштани фархангу забоне ба вазъи иктисодива дарачаи тараккиёти сохибони он вобаста аст. Дар холи хозир кушиши муаррифии забони точики барои миллатхои дигар "Ба дандон рахна дар фулод кардан"-ро мемонад. Вале баъд аз тамошо ва шунидани навори мазкур ман неруи нав гирифтам онро бо оби дида шунидам. Акнун худро тасалли дода метавонам то чон дар рамак аст, ин пешаро тарк нахохам кард "ба пилки дида оташпора хохам чид", вале ба хама бо овози баландхохам гуфт маданияти точикон, забони точики адабиёти точик бекиёсанд дар тамоми дунё! Худо рузе биояду ин забон макоми каблии худро сохиб шавад

Чаноби Соловев хакикатро чун руз равшан гуфтааст. Ва ман боз аз он хушнудам, ки имруз хам пофишории узбактаборону озариён , ки яке Синоро узбак медонаду дигаре Хайёмро озарибо атъият рад намудааст Мадуми Арман дар мактаби миёна Низомиро шоири форс медонанд ва хак ба чониби онхост. Аниктараш Низоми на озари, балки курд аст вале дар хусуси Хайём чои бахс нест, ки форс аст ва онхо, яъне озариён занеро устоди Хайём медонанд, ки гуё озари будааст, вале агр осори уро пайдо намоем хеч гох ба озари нанавиштааст. Магар ин мардум шарм намекунанд, ки эшон харфе ба забони турки нанавиштанд.?

Владимир Соловев рузноманигорест боадолат падари 8 фарзанд!!!! Ман ба пои ин гуна ашхос сар хохам гузошт, ки хеч гох хакикатро парда намепушонад Ба наздики дар барномаи "Поединок" ба Жириновский дар бораи мардуми точик ва инсондустии он махсусан солхои Чанги Бузурги Ватани маълумоти муфассалеро пеш каш намуд. Он вакт ман фахмидам, ки дар бораи фархангу тамаддуни точион маълумоти зиёде дорад. Ахсан ба ин рузноманигори хакики, ки барои миллати точик аз хазор точик хизмати саовортаре кардааст.
Посух додан
  • Asror

  • 12 март 2014 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои мардуми точик ин кахрамони кардааст кандота бзан бобои Саллаев

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!