Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Шаш ҳазор доллари намозгузорро дар масҷид дуздиданд

22 апрел 2013, 15:44

Мақомоти пулиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо иттиҳоми дуздӣ дар масҷид як хонандаи синфи 11-ро боздошт кардаанд.

Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд, ба далели хурдсолияш аз бурдани номи дастгиршуда худдорӣ кард. Аммо мусоҳиби мо гуфт, "19-уми апрел як намозгузори масҷиди ба номи “Имом Аъзам”-и Чкалов пиҷакашро дар яке аз утоқи масҷид монда, ба ибодат машғул шудааст. Танҳо баъд аз анҷоми ибодат намозгузор дарёфтааст, ки 6 ҳазор долларашро аз кисааш дуздидаанд.”

Шарифов мегӯяд, айни ҳол маблағи дуздидашуда пурра ба соҳибаш баргардонда шуда, тафтишоти қазия идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ин кор метавонад накшаи баъди барои бастан ё манъи навчавонон ба масчид бошад холо агар тахкикот дуруст ва хуб ба рох монда шавад ин фард чаро 6 хазор ба масчид меорад?? он хам дар челак ба хар хол умед дорем масьулон масаларо аз сохиби пул пайгири мекунанд фарде ки шояд то хол 6 хазор надошта бошад мехохад обуруи намозгузоронро паст кунад ва масчид ИН МАКОН ТАРБИЯТ ВА ОРОМРО мехохад дар назари мардум чои дуздону чинояткорон нишон дихад .Агар касе дар масчид чизе гум кунад табиатан интавр овоза намекунад АГАР НАМОЗГУЗОРИ ХАКИКИ БОШАД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!