Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:10

Иҷрои беш аз 60%-и нақша. Бо пойи худ меоянд, ё 'облава'?

22 апрел 2013, 15:49

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 рӯзи гузашта нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш 64 дарсад иҷро шудааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 22-юми апрел ба “Озодагон” гуфт, “айни ҳол ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Ховалинг ва Темурмалик дар Хатлон; ноҳияҳои Мурғобу Ванҷ дар Бадахшон ва шаҳри Қайроққуму ноҳияи Шаҳристон дар Суғд нақшаро пурра иҷро карданд.” Инчунин ба гуфтаи мусоҳиби мо, “ноҳияҳои Ҷиргатолу Рашт низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.”

Ба гуфтаи манбаъ, дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд ба 56 дарсад, вилояти Хатлон 71, Бадахшон 72 ва навоҳии тобеи марказ 66 ва дар чаҳор ноҳияи пойтахт ба 62 дарсад расидааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон аз “облава” ё даъвати иҷбории ҷавонон ба сафи артиш нигаронӣ мекунанд.

Дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артиш нашр шуд. Ба хидмат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд. Даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то кай ин зулм идома хохад дод ин хукумат ба чавонон чи хизмат карда бошад ки чавонон ба у кунанд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!