Бахшҳо
22 апр 2013 17:26Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати ҷавонон ба мубориза алайҳи “облава”

Як гурӯҳ аз ҷавонони ҳуқуқдон, ки алайҳи даъвати иҷборӣ ба сафи артишанд, талош доранд, бо ирсоли як номаи мукаммал аз раисиҷумҳур бихоҳанд, то ба ин вазъ хотима бахшад. Ин аст, ки онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон хостаанд, агар дар бораи “облава” ё даъвати иҷборӣ ба артиш аксу видео ва ё садое доранд, ба онҳо бифристанд.

Рустам Гулов, яке аз ин ҷавонҳо, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “мехоҳем, ин номаи мо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гапи хушку холӣ набошад. Бо ҷамъ овардани аксу садову видео дар бораи облава мехоҳем таваҷҷуҳи шахси аввали кишварро ба ин масъалаи бисёр муҳим ҷалб кунем.”

Оқои Гулов мегӯяд, бо вуҷуди он ки “облава” қонуншикании маҳз аст, аммо дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш мебошад. Ба қавли ӯ, шояд номаи мукаммали онҳо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон битавонад як навъ ин мушкилро рафъ созад. “Қаблан бо ин масъала созмони ҳуқуқшиносони ҷавон бо номи Ампаро машғул буд, ки ҳоло фаъолият надорад. Аз ин рӯ, кам касе ҳаст, ки шадидан бо облава мубориза барад”,-афзуд мусоҳиби мо.

Даъвати иҷбории ҷавонон солҳост, ки дар Тоҷикистон идома дорад. Баъзан худи мақомоти Вазорати дифоъ низ вуҷуди облаваро таъйид мекунанд, вале мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки расонаҳо ё созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон менависанду мегӯянд.
Мӯҳр
Бисёр кобили кабул. Мухтарам мансабдорон тасаввур кунед, ки сари дастрахон хамрохии фарзандонатон саргармед пас шумо кабул доред, ки омада мисли чинояткор гарав карда бубаранд? Пас чавонхо дусол чиро меомузнд, ки онхоро мачбуранд ба сафи куввахо чалб кардаед! Пас кучост сохибватане ки садо кунад? Оё шумо наметавонед хади акал нимае хамонанди поqгохи 201 ки дар Точикистон сарбаландона бо таъби худашон дар мраказхои шахр озодона хидмат мекунад.Чавнон ки худ оzандаи миллат мебошад шумо хаммилатон мисли чинояткорни вазнин гарав карада мебаред оянда бовари доред ки ватандустдор бошад? Андеша кунед фарзандони дигарон мисли фарзандони Шумо азиз аст онхо хам Модар доранд фарзанде ки аз чашмаш мсили тероризм мебаредаш месузад .. ва илат дар он аст, ки факиранд пас соя харду якест.

Ахмадчон
Ман хамин рузи дароз шохиди вокеъа будам дар дари комиссариат дидам чавонхоро чи хел дар СТАРЕХ оварданд 5-6 бор оварданд саргардони ин магар одамдузди нест, одам рабои нест ё инки онхо фарзанд надоранд худатон казоват баред мошин истод яку якбора шуморо капида ба мошин бор карданд, ана ояндаи миллат ояндаи чавонони мо мо боз мегуем ки чавонон ояндаи моянд, аз кучо фикри солим мемонад. Падару модарон саргардон барои чи ин намуд конунгузори дар дигар давлатхо дида намешавад, барои чи пеши рохи ин корро намегиранд. Барои чи дидаву дониста парлумони мо сари як ночиз ду руз фикру мулохиза мекунанд вале мушкилие ки хочат ба баён нест фикр намекунанд. Мархамат намояндагони халки мазлум рафик депутатхо мана масъла кани кадоматон дилу гурдаи фикр кардан доред мархамат хизмат кунед ба мардуматон.

Аблава дар Хучанд ба дарачаи Оли расидааст. Ба хонахои мардум шабона соати 1-2 меоянд дар холе ки мардум хоб хастанд, мачбуран аз хона ба зуриву чанг фарзандони хонаводаро дуздида мебаранд. Ман худам шохиди ин амалхо гаштам, ва хамаи дустонам инчунин. Вакте ки соати такрибан 01:20 АБЛАВА ба хонаи мо омад, ман аз балкони кафои хона аз 3-ум этаж тавонистам гурезам. Аммо ба падарам тухмат кардан ки ба ман кумак кард барои аз аблава гурехтанд, ва бар падарам делаи чиннояти кушоданд. Ва хулосаи гап ин аст ки падарам бо 2500$ аз кормандони полис халос шуданд, аммо ман бошам мачбур шудам ки аз Точикистон берун равам.

Ман корманди таваллудхонаи шахри Конибодом мебошам. Чанд бор назорат кардам, ки кормандони военкомат ва милиса аз хаминчо чавононро капида мебаранд. Ох чи шармандагист. Дар роддом хам чои гурез нест. Бечора чавонон. Шарм нокарда 4 каса ба чавони бечора дармеафтанд, ва худи кинохои боевики хоричи барин сайдро ба мошин савор карда мебаранд.

Агар дар хизмат дар сафи куввахои мусаллахи кишвари мо танзиму низоми хуб бошад, яъне сарбозоне, ки худро "Денбл" мехисобанд, сарбозони ба унвон "молодой"-ро дашномхои зишт накунанду сутурона рафтор нанамоянд, бо итминон мегуям, ки бешхо бо хохиши худ ба сафи куввахои мусаллах мепайванданд. агар чунин нест, пас... дар хизмат "Муъмин бародари муъмин аст"-гуфтани гап нест. Аз хамин лихоз басехо аз он саркаши мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)