Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:10

984.000.000 $ ИМА дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи Тоҷикистон масраф шудааст

8 июл 2011, 11:15

Шаш корманди мақомоти милисаи Тоҷикистон аз Амрико дидан карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, рӯзи 24-уми июни соли равон, ҳайате иборат аз масъулини  раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои омӯхтани идоракунии эътино ба ҳолатҳои фавқулодда  ба аёлоти Калифорнияи Амрико сафарбар шуда буданд, ки лоиҳа аз ҷониби Эмерҷенс Груп татбиқ шуда истодааст. Манбаъ афзуд, иштирокчиён аз идораи пулис ва шериф, пажӯҳишгоҳҳои таълимӣ, марказҳои амалиётӣ - фаврӣ дар Лос-Анҷелес, Санта-Барбара, Сан-Луис-Обиспо ва Порт Вайнеме дидан карданд. Онҳо машқҳои амалиро оиди идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва назорати издиҳомро мушоҳида карданд, системаҳои фармондиҳӣ ҳангоми ҳодисаҳо ва кӯмаки тарафайнро омӯхтанд, инчунин дар Анҷумани солонаи Калифорния оиди идоракунии ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд.
Сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорати корҳои дохилӣ, генерал Мӯмин Зинатов, ки иштирокчии ин тарҳ аст, мегӯяд: " Фармондеҳии ҳолатҳои бӯҳронӣ ва системаи ёрии тарафайни Амрико таъсирбахш мебошад, алалхусус ҳамкории байнисоҳавӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак, омодагиҳо ва омӯзишҳои тактикӣ ва банақшагирӣ. Ин муносибати муштарак метавонад бомуваффақият дар Тоҷикистон амалӣ шавад
Ҳамзамон, ҳукумати ИМА тасмим гирифтааст, дар оянда низ кӯмак ва дастгирии ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии Тоҷикистонро идома диҳад.  
Маврид ба ёдоварист, аз соли 1992 ҳукумати ИМА маблағи зиёда аз 984 млн долларро баҳри амалигардонии барномаҳои мададрасон, ки фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва системаи бехатарӣ, рушди иқтисодиёт, институтҳои демократӣ , соҳаи тиб ва маорифро дар Тоҷикистон тақвият медиҳанд, равона кардааст. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!