Бахшҳо

Ду назар дар бораи Бозор Собир, манзил ва бозгашти ӯ

Хабари тақдими манзили якҳуҷраӣ аз сӯи шаҳрдории Душанбе ба як сокини 82-сола баҳсҳоеро миёни хонандагони мо ба вуҷуд овард. Дар ин баҳс бархе аз хонандагон навиштаанд, магар имкон надошт, ки шаҳрдории Душанбе чунин меҳрубониро дар ҳаққи шоирону донишмандон ҳам раво бубинад.

Аз ҷумла хонандае бо номи “Ворухӣ” навишт, “кори оқилона, вале чӣ мешуд, агар ҳамин ҳокимони даври мо барои устод Бозор Собир ҳам як манзил ҷудо мекарданд. Наход, чунин кас сазовори манзиле дар ватанаш набошад? Баъд аз камтари дигар бисёр афсӯс хоҳем хӯрд, вовайлои пинҳонӣ.”

Дар посух ба ин нома хонандаи дигари мо бо номи “Чоркӯҳӣ” навиштааст, агар худи Бозор Собир мехост, дар Ватанаш бимонад, чунин имконро дошт. Ба навиштаи ӯ, “магар шоир Бозор Собир дар Душанбе манзил надошт? Бозор Собир шоири хуб аст, вале эркаву аз Тоҷикистон дур буданро ихтиёр кардааст. Озодии инсон ва демократияаш ҳамин аст. Ба гуфтаи шоир Тоҷикистоне, ки имрӯз пойтахташ бӯи деҳа мекунаду мардонаш серришу занҳояш сатрпӯш гаштаанд, ба ӯ намефорад. Марҳамат карда бигӯед, ки барои кӣ зиндагӣ дар Тоҷикистон бештару хубтар аст?”

Ин хонанда дар идомаи номааш нигоштааст, “шоир агар дилаш барои Тоҷикистону тоҷикон месӯхт, омада, дар ягон мактаби деҳа ба ҷавонону духтарони мактабхон дарс мегуфт. Ё ақаллан дар Донишгоҳи миллӣ устодӣ мекард. Рӯзи ҳамаи рӯзноманигору шоиру нависандаву эҷодкор дар ҳамин Тоҷикистон мегузарад. Ҷавонмардону мардони тоҷике хастанд, ки даҳсолаҳо дар муҳоҷирати корианд. Занҳову духтарони Тоҷикистон дар муҳочирати меҳнатианд.”

Чоркӯҳӣ ҳамчунин гуфтааст, имсол Бозор Собир 75-сола мешавад ва бояд худи ӯ фикр кунад, ки бояд ба Ватан баргардад ё дар ғурбат бимонад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “ҳеч кас роҳи бозгашт ба Тоҷикистонро барои шоир набастааст.”

Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир чанд сол аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳи хонаводааш зиндагӣ мекунад. Ӯ дар даврони даргириҳои дохилӣ Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав буд ва пас аз он ба Амрико рафт.
Мӯҳр
Аҳмад
Салом ба кулли ҳамватанон
Ба андешаҳои Чоркӯҳи ҳамфикр ҳастам. Агар Бозор Собир Тоҷикистоно дӯст медошт ҳеҷ гоҳ инҷоро бар ивази як давлати фаҳш иваз намекард.

шеърхои ватанхохонаи БОЗОР барои мо Точикистониен худ нишона аз ми ллатпарастии уст.Вале у алам дорад дард дорад дарди дури аз ватан аз миллати хеш харчи набошад у дар ватани хеш бояд бошад.Хайхот чунин касон аз аз азал дар таърихи Точикон дарбадару номувофики рузгор хастанд.Фикри шахсии тез дорад такалубкор нест вале дар фанни шеъри муосир нобига аст нобигаи зинда инро набояд инкор кард....

Ба Ворухи.Афсус,ки Ворухиву Чоркухи шоир Бозор Собирро нагз мешиноседу лекин ишорахои махалгарои доред.Ман хам мачбур шудам,ки махали зисти худро аз чануби Точикистон-Кабодиён нишон дихам.Тассаллияти ман аз он аст,ки мо хама зодаи як ватан-Точикистони азиз хастем.Бозор Собирро шумо мегуед,ки аламзада аст.Дар Точикистон кам аст касоне,ки аламзада набошанд?.Хазорхо чавонони точик дар чанги бародаркуши курбон шуданд.Хазорхо модарон то хануз хам чашм ба рохи фарзандони гумшудаашон мебошанд.Хазорхо арусакону занхои чавон бешавхару хонавайрон гаштанд.Бисёр модароне хастанд,ки то 2-3 писарашонро куштаанд.Бисёре аз онхо дар бистари бемори то охирин нафас суи дарвозаи хона нигох мекарданд,ки шояд писараш ё писаронаш пайдо шаванд.Шоир бояд хамрох бо халки худ,бо гаму андуху шодиву хурсандии у бошад.На ин,ки ба малакати дуру боиктидоре рафта руз гузаронаду боз гила гузори ба суи мардуми хамзабону хамватану хамкеши худ созад.Шоир Пиримкул Сатториро куштанд.Писари ягонаи нависанда ва сиёсатмадори бомаърифати Точикистон Нур Табаровро дар шохидии падараш, аъзоёни фронти халки,аскарони беинтизому гушначашму гушнанафси нодида,бо автомати Калашников парронданд.Бале,муттаассифона шоир Бозор Собир хам зиндони шуд.Дигарон хатто ба зиндон хам нарасиданд.Кучахои Душанбе ро чо-чое часадхои афтидаи хунолуд хундор карданд.У зиндони шуд,ба додаш магар худо расид,ки рахо ёфт.Ярокдорони хунмаст.шоиру чупон ва муллову авбошро он вактхо аз хам фарк намекарданд.Хамин,ки ба дасти онхо мехурди,ё дар мошинхо савор карда берун аз шахр бурда мепарронданд,ё дар пеши чашми зану фарзанд ё падару модарат тирборон мекарданд.Худоро шукр,ки хамааш паси сар шуд.Боз сулху салох пойдор гашт,сурудхониву туйхо пайдо шуданд.Хаёт боз хам давом карду давом дорад.Дар дехоти Точикистон боз хонадориву манзилсозиву таваллуди тифлону бозии наврасону хандаву шухиро шохид гаштем.Модоме,ки шахрдор Убайдуллоев ба як нафар муйсафеди варзишгари 82-сола хона дод,боз ба як рукни кучаки сиёси ишора созем?.Хайр чи илоч?.Мири шахр аз касе напурсид.Муйсафед хам шояд мухточи хамин манзили якхучраги буд магар?.Хол он ки дар дехот,мардум худашон аз маблаги мехнатии худ,аз обу хок лой тайёр карда манзилгох месозанд.Заминчойро бо нархи калони доллар мехаранд.Бозор Собир хам,зодаи Точикистон аст.Тавре ки хамсояи шумо Чоркухи гуфтааст,Точикистон хам ба руи у кушода аст.Мархамат шоир ба Точикистон баргардед.Бо таври хашар броят манзил месозем.Баргардед,шоир!

Ба ин шахс танхо таваччух ва шухрат лозим асту бас. Хамаро мефурушад. Аз солхои 90-ум то имруз чандин маротиба мавкеашро иваз кард. Букаламун вст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)