Бахшҳо
23 апр 2013 09:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ватан чист? Ҷоест, ки медонед… ҳамеша метавон ба он баргашт!

-Ана, бачаҳо, - қадамзанон гуфт Лидия Ивановна, - ба наздикӣ мактабро хатм мекунед, писарон ба хидмати ҳарбӣ мераванду духтарон шавҳар мекунанд…
- Муаллима! – садояшро аз мизи охирин баровард Раҷаб Ҳакимов. – Чаро бояд ба хидмати ҳарбӣ равам?

- Ин чӣ гуна савол аст? – худро гум кард муаллима. – Барои ҳифзи Ватан!
- Ватан чист? – пурсид Раҷаб.
- Ватан? Яъне чӣ… ин… ҷоест, ки ту он ҷо таваллуд шудаӣ!
- Пас, ман бояд Тоҷикистонро ҳифз кунам?
- Чаро Тоҷикистон?!
- Ман он ҷо таваллуд шудаам.
- Не, Ватан танҳо ҷое нест, ки он ҷо таваллуд шудаӣ, балки ҷое, ки калон шудаӣ…
- Ман ҳамон ҷо калон шудаам! 6 соли пурра!

- Шаш сол барои дарки мафҳуми Ватан кам аст. Ту-ку ба забони тоҷикӣ гап намезанӣ, бо расму оини шарқиёна зиндагӣ намекунӣ…
- Ман ба забони тоҷикӣ чанд калимаро медонам, аммо бо русӣ, англисӣ ва кам-кам олмонӣ гап мезанам.
- Пас, Тоҷикистон Ватани ту нест. Ватан он ҷоест, ки гузаштагонат таваллуд шудаанд.
- Падарам аз Хоруғ ва модарам аз Тошканданд. Пас, ман ҳамоно Тоҷикистон ва Узбакистонро бояд ҳимоя намоям?
- Не, ту бояд кишвареро ҳифз намоӣ, ки он ҷо кӯдакиат, лаҳзаҳои беҳтарини ҳаётат гузаштаанд.
- Давраи хурдсолиам мо ба Олмон рафта будем. Он ҷо ба ман хеле маъқул шуд. Лаҳзаҳои беҳтарин овони кӯдакиам дар ҳамон ҷо гузаштаанд.
- Не, Олмон не! Кишвареро муҳофизат бояд кунӣ, ки ба рӯҳия ва дину имонат наздик аст…
- Ммм… азбаски мусалмонам, бояд Арабистонро муҳофизат кунам? Ё, Исроилро, чун падарам аз ҷумлаи яҳудиёни Бухоро буданд… Муаллима! Ман чӣ гуна ин кишварҳоро муҳофизат мекунам, агар дар артиши Руссия хизмат кунам?

Айнаки Лидия Ивановна аз охири биниаш боло баромадан гирифт, то вақте ки ба пешонааш нарасид. Хонандагон бо шавқ ин баҳсро тамошо мекарданд. Раҷаб дар вайрон кардани дарс ва баҳсҳои аҷиб устухон надошт.
- Раҷаб, – бо нобоварӣ гуфт муаллима. – Ту дар артиши федеролӣ Русияро ҳифз хоҳӣ кард.
- Аммо ман чӣ кунам, агар он Ватанам набошад? Чунин бармеояд, ки ман умуман Ватан надорам! Агар ман марзе барои ҳифз кардан надорам, пас, ба артиш рафтанам низ ҳатмӣ нест?
- Ба хизмати ҳарбӣ рафтан ҳатмист.
- Чаро?
- То ин ки мард шавӣ! – бо як боварии сохта хитоб кард муаллима. Аммо бо ҳар саволи нави писарак боварии ӯ камтар мешуд.
- Лидия Ивановна! Охир, барои мард шудан, артиш ҳатмӣ нест!
- Пас, чӣ? –пурсид муаллима.
- Шумо як одами калонсолу рӯзгордида, вале гӯиё ҳанӯз ҳам намедонед!

Ҳамсинфони Раҷаб хандиданд. Рангу рӯи Лидия парид. Ба чунин суханони дар назар сода ва мантиқӣ ҷавоб ёфтан мушкил аст. Ӯ мехост волидайин Раҷабро даъват кунад, аммо дар он лаҳзаҳо гӯиё сухан гуфтанро фаромӯш карда буд. Занги истироҳат, ё чуноне мегӯянд занги баромад, гӯиё ба ёрии муаллима садо дод. Хонандагон зуд аз синф баромада бо сару садо ба ҳар сӯ шитофтанд. Лидия Ивановна ба утоқи муаллимон рафта, дафтари синфиро рӯи миз гузошта, худро рӯи курсии мулоим партофт ва гиря кард… Ӯ, ки 40 сол таҷрибаи муаллимӣ дошт, ҳоло ба як писараки 16-сола бо гузаштаи омехтаи тоҷикию узбакию яҳудӣ наметавонад фаҳмонад, ки Ватани ӯ дар куҷост. Чунки дар давраи ҷавонии худаш, Ватан якто буд – Иттиҳоди Шӯравӣ. Ин Ватан чунон васеъ буд, ки нисфи ҷаҳонро гашта, аз марзи он набаромадан имкон дошт… Чи тоҷикон, чи русҳо, чи чукчаҳо, чи гурҷиҳо – ҳама як Ватан доштанду ин ба ҳамагон равшан буд. Ҳоло чӣ? Се соат бо мошин дар роҳ ва тамом, Ватан дигар нест, атроф аллакай кишвари бегона…

***

Дарси оянда ҳандаса (геометрия) буд. Муаллими ҷавон ба синф даромад.
- Муаллим! Агар як нафар Ватан надошта бошад, чаро бояд ба артиш равад? – пурсид Раҷаб.
- Раҷаб, ту Ватан надорӣ?
- Не…
- Чӣ хел?
- Бубинед, ман дар Тоҷикистон таваллуд шуда, 6 сол зиндагӣ кардаам, сипас то даҳсолагиам бо волидайнам дар Олмон будем, ва ҳоло дар Русия ҳастам.
- Хуб, ба ин ҷо чаро омадед?
- Кор ва дӯстони падарам…
- Раҷаб! Пас, ту ҳадди ақал 3 Ватан дорӣ!
- Агар чунин аст – пас чорто! Падари ман яҳудии бухороии мутаваллиди Тошканд аст!
- Олӣ! Пас, ту аввалин шуда ба артиш меравӣ!
- Ман намехоҳам…
- Пас, назди тахта қадам зан! Интегралро ҳисоб мекунем!- Муаллим синфо чашм давонд. – Хуш, афсарон, боз кӣ Ватан надорад?

Пас аз рӯзи корӣ утоқи муаллимон пурсарусадо буд. Пас аз суолҳои хонандагон дар бораи чӣ будани Ватан, омӯзгорон сари таърифи «Ватан» ва чӣ гуна фаҳмондани он ба талабагон баҳс мекарданд.
- Мувофиқи мафҳуми қабулшуда, Ватан, меҳан, кишваре, ки шахс дар он таваллуд шудааст; сарзамин ва табиате, ки ба як халқ тааллуқ дорад, ҳамроҳи аҳолии он, низоми иҷтимоию давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, расму оин… – мудири мактаб матни расмиро хонд.
- Аммо ба кӯдакон инро чӣ гуна фаҳмонем? – муаллимон ба ҳамдигар менигаристанд.
- Миёни хонандагони мо сиёҳпӯстону чиниҳо низ ҳастанд, - луқма партофт ҷонишини мудир.
Дари утоқ кушода шуд. Бо сатил ва латтаи тар, бе аҳамият ба дигарон, фаррош даромад.
- Чӣ ғавғо бардоштед? Ман бояд ин ҷоро тоза кунам! – ҷиддӣ хитоб кард ӯ ба ҳозирин.
- Мо баҳс дорем, ки Ватан чист… - ҷавоб дод мудир. Ӯ, ки як шахси босиёсат ва сахтгир буд, танҳо назди нозирони сохтори маориф ва ҳамин фаррош виқорашро каме гум мекард.
- Шумо дигар кор надоред, – гуфт зери лаб фарроши солдида, – Ватанро мушаххас мекардаанд… Чӣ ҷои номаълумӣ? Ватан ҷоест, ки он ҷо ягон нафари ҳамнишаст ҳаст, касе, ки бо ӯ сари як пиёла чой нишаста, дар ҳар мавзӯъ сухан гуфтан мумкин аст, ҷое, ки дар хусуси нафақаи худ хавотир нестӣ!!
- Аз нафақа хавотир нестӣ… – бо ҳам такрор карданд муаллимон ва бо ҳамин ба баҳси худ нуқта гузоштанд.

***

- Падар! Ватан чист?
- Писарам, Ватан ҷоест, ки ту ҳамеша метавонӣ баргардӣ ва аз дидорат ҳамеша шод мешаванд…
- Падар! Зӯр фикр кардӣ!

***

- Хуб, дарси имрӯза ба мавзӯи Ватан ва мафҳуми он бахшида мешавад! – чашмони Лидия Ивановна барқ мезад. Ӯ гӯиё ҳама таърифҳои имконпазирро медонист ва ҳатто мепиндошт, ки тавони фаҳмондани онро низ дорад. Таърифоти китобии якранг яке паси ҳам садо доданд ва ҳамчун хулоса муаллима ба хотири ба зеҳну дили хонандагон ҷо шудани ин мафҳум гуфт:
- Бачаҳо! Ватан ҷоест, ки инсон мехоҳад дар он бо сарфарозӣ ба нафақа баромада, пиронсолиашро ба хубӣ гузаронад!
- Маълум мешавад, Шумо, муаллима, дар Ватан зиндагӣ намекунед!
- Шумо чиҳо мегӯед! Мо нав 16-сола шудаему ҳанӯз мактаби миёнаро хатм накардем, аммо шумо дар бораи пирию нафақа мегӯед!
- Мо ба нафақа баромадан намехоҳем!

Лидия Ивановна сурх шуд.
- Хомӯш! – дод зад ӯ. – Кӣ инҷо аз ҳама доност?!
- Ман! – бо виқор гуфт Раҷаб.
- Канӣ, гап зан, Ватан чист! – ӯ бовар дошт Раҷаб ба ин савол чавоб дода наметавонад, чун имрӯз муаллимаро гӯш накарда буд…
- Ин ҷоест, ки… медонед… ҳамеша метавон ба он баргашт! Аз ҳар ҷое ки набошад!
- Зӯр! – ҳама ӯро дастгирӣ карданд. – Яз ягон ҷо баргаштан – ҷолибтар аст аз нафақа!

Синф пурсарусадо шуд. Ҳар кас фикре мегуфт, ки дар маҷмӯъ аз суханони Раҷаб дур набуд.
Лидия Ивановна оҳиста ба курсиаш нишаст ва бори аввал фикр кард, ки шояд замони ба Ватанаш рафтан расидааст. Яъне, ба нафақа баромаданаш.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)