Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Парлумон: "Ин дафъа ёвагӯиҳои Жириновский беҷавоб намемонад" (ВИДЕО)

23 апрел 2013, 11:25

Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалии парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, “ёвагӯиҳо”-и Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатии Русия, ки ин дафъа ба шахси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дахл кардааст, бояд беҷавоб гузошта нашаванд.

Салимзода мегӯяд, таҳқиру туҳмат дар ҳаққи тоҷикону Тоҷикистон борҳост, ки аз забони Жириновский садо медиҳад ва ин дафъа бояд мақомоти тоҷик дар симои Вазорати умури хориҷӣ ва парлумон ба он вокуниш нишон диҳанд: “Мо ба парлумони Русия бо ирсоли як мактуб изҳороти таҳқиромезу беасоси Жириновскийро дар ҳаққи тоҷикону президент, ки симои Тоҷикистон аст, маҳкум хоҳем кард.”

Салимзода бо таассуф афзуд, имрӯз муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба ивази дастмузди ночиз кори вазнин мекунанд, “вале дар ҷавоб аз забони гуруҳҳои манфиатҷӯйи ин кишвар, аз ҷумла Жириновский ба ҷои раҳмат таҳқиру туҳмат мешунаванд.”

Ахиран Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия ва муовини раиси парлумони ин кишвар, дар барномаи “Поединок”-и шабакаи телевизионии “Русия 1” бо Виктор Анпилов, роҳбари ҳаракати “Русияи коргарӣ”, вориди баҳс шуда, алайҳи муҳоҷирон суханҳои шадид гуфт. Ӯ муҳоҷиронро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия хонд.

Дар дақиқаи 35-уми барнома Жириновский дар муроҷиат ба Анпилов изҳор дошт, ки “айни ҳол дӯстони тоҷики Шумо бешармона боз нарх барои пойгоҳи 201-умро баланд мекунанд. Медонанд, ки Русия пул дорад ва бисёртар мехоҳанд. Ана, мо мегӯем, ки дигар муҳоҷирони кории Шуморо қабул намекунем! Он гоҳ Раҳмон чӣ кор мекунад? Раҳмон хуб медонад, ки дар ин ҳолат исломиёни афғон Тоҷикистонро поймол мекунанд ва худи ӯро чун Наҷибуллоҳ дар маркази Душанбе ба дор хоҳанд кашид.”

Бо вуҷуди он ки чунин изҳороти Жириновский сокинону бархе аз раҳбарони аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон бетараф нагузошт, аммо то ҳол Вазорати умури хориҷӣ дар ин бора ҳарфе нагуфтааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Умед

  • 24 апрел 2013 09:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом бародарон . Бояд хукумати Руссия пеши рохи ин бетартибихой сиесиро бигирад, пуле ки Руссия барои 201-ум пардохт менамояд хеле ночиз аст мо метавонем базаи дигар мамлакатхоро дар кишвари худ чой дихем ва аз он милиардхо долар гирем ин кишвар ва ин блок ба хама маьлум аст.
Посух додан
  • Абдулло

  • 24 апрел 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин тахкире нисбати точикону сарвари Точикистон аз чониби Жириновский шудааст бори аввал нест ва фикр мекунам охирин хам нест чун ки дар ин бора ягон намояндахои мо чавбое намегардонанд! ба ин хел нокас бояд мисли худаш аблахона чавоб дод. то ба кай хомуш мешинему зери маломати дигарон мемонем... ё ин ки ин кормандони мо факат талош барои вазифа доранду халос.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То хол мухочирони точикро хатто як майзадаи худозадаи рус хам метавонад тахкир кунад, уалу кури ин кишвар ба холи кучарубхо ва "гуломони биносоз" механданд... Кудакони хурдсоли моро дар шифохонаву пулисхона аз шири модар чудо ва месозанд ва мекушанд. То хол казияи Умаралии мактул хал нашуда. Фикр мекунам ки бояд дар Руссия як нафари баруманд ба вазифаи ГАМБУДСМЕН таъин шавад, ки хукук ва манфиатхои точиконро хифз намояд. Хама созмонхои феълй факат ба пулчамъкунй аз точикони худ машгуланд. Гами мухочирин, мурдани харрузаи онхо, ашки модарон ва занону фарзандони интизор ва миллати хори моро КЙ МЕХУРДА БОШАД?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!