Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:05

Ҳосилнокии картошка назар ба як соли пеш 9 сентнер зиёд шудааст

8 июл 2011, 11:27

Дар баъзеи манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили «нони дуюм»- картошка идома дорад.


Аз рӯи маълумотҳо соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон  дар майдони 14 ҳазору 629 гектар замин кишти картошка гузаронида шудааст ва  нақшаи истеҳсоли  он  351.435 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз майдони 1892 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки истеҳсоли картошка ба 24 ҳазору 468 тонна баробар аст. Гуфта мешавад, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда ба миқдори 6546 тонна зиёд  аст. Ҳосилнокӣ дар соли равон аз як гектар замин ба 129 сентнер  расида, дар қиёс ба як соли пеш 9 сентнер бештар аст. Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни замон истеҳсол ва ҷамъоварии картошка дар вилоёти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз гардида бо суръат идома дорад. Кишоварзони ВМКБ бошанд, аз сабаби тафовути иқлим то ҳол ҷамъоварии картошкаро оғоз накакрдаанд.    {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!