Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:30

Дахолати президент ба қазияи Малика ва Сабина

23 апрел 2013, 16:04

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз сохторҳои қудратии кишвар даъват кардааст, барои пайдо намудани Малика ва Сабина, ду ноболиғи гумшуда дар Душанбе, чораҳои заруриро биандешанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми апрел, зимни эътои манзил ба кормандони қудратӣ гумшавии Малика ва Сабинаро зикр карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кардааст.

Оқои Раҳмон аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ даъват намудааст, ки чунин ҷиноятҳои доғдоркунандаро ҳар чӣ тезтар ошкор намоянд ва таъкид кардааст, ки дар давоми кор бо мардум муомилаи хуб дошта бошанд.

Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке чоруним ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Мақомот мегӯянд, барои пайдо кардани Малика ва Сабина як гуруҳи махсуси оперативӣ ташкил шуда, раванди тафтишот таҳти назорати Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии кишвар қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!