Бахшҳо
24 апр 2013 10:27Тоҷикистон / Сиёсат

Парлумони тоҷик депутатҳои русро ба риояи одоб даъват кард

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 24-уми апрел муроҷиатнома ба Думаи давлатӣ дар робита ба изҳороти ахири бархе аз мақомдорони Русияро қабул карданд.

Дар ин матни муроҷиатнома аз изҳороти Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатӣ, дар бораи муҳоҷирони тоҷику президент Эмомалӣ Раҳмон ва бархӯрди Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия, бо қаторҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ шудааст.

Дар муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, "боиси изтироби махсус мебошад, ки баъзе шахсони баландмартаба, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия дар ҳаққи Тоҷикистон ва шаҳрвандони он дар воситаҳои ахбори оммаи Россия борҳо маълумоти нодуруст изҳор мекунанд. Суханронии таҳқиромез ва бадбинонаи В. Жириновский, ки аз ҷумлаи арбобони баланпояи сиёсии Россия ба ҳисоб меравад, дар ҳаққи халқи тоҷик ва Президенти мо ба рӯҳияи дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории стратегии ду кишвар мутлақо мухолиф мебошад. Мо, албатта, гуногунандешии сиёсиро ҳамчун рукни муҳими ҷомеаи демократӣ эътироф мекунем, вале авомфиребии гузаро бо озодии афкор ҳеҷ умумияте надошта, балки бо поймол кардани ҳуқуқи инсон сахт алоқаманд аст. Ин гуна дурӯғбофиҳои сиёсӣ на танҳо ба ҳиссиёти неки инсонӣ, балки ба муносибатҳои байни ду кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна сафсаттаҳои бепояи хусуматомези баъзе сиёсатмадорони Россияро дар ҳаққи шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян маҳкум менамоянд ва ҳамтоёни худро аз Думаи Давлатии Россия даъват менамоянд, ки дар суханрониҳои оммавии худ одоби муоширатро риоя кунанд."

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, субҳи 24-уми апрел, қабл аз оғози ҷаласаи парлумон, изҳороти ахири Жириновскиро мухолифи равобити дӯстонаи Маскаву Душанбе унвон кард. Вай аз вакилон хоста буд, то баҳси Жириновский низ ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда, вакилон ба ҳамтоёни руси худ муроҷиатнома бинависанд.

“Ҳарчанд мо Русияро расман шарики стратегӣ меҳисобем, мутаассифона, тавассути нашрия ва телевизионҳои давлатии ин кишвар мақолаву гуфтугӯҳое пахш мешаванд, ки зидди муносибатҳои дӯстонаи моянд”,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Ӯ илова кард, ки суҳбати ахири Жириновский дар бораи муҳоҷирони тоҷик ва ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон “ба ягон меъёри одоби сиёсат рост намеояд”.
Мӯҳр
инхо аз худашон рафтан тамоман

Чаноби Зухуров, ин часорат аз кучо?
То ба нафси Чаноби Олй нарасид овоз баланд намекунед?
Барои чи миллат мурда рафта истодааст аз дасти ин бегонахо ягон чора намебинед ва хам намегуед ин хилофи дустии ин ду давлат аст?
Хато Кабирй овоз баланд кард, хама шахсият парастед, миллатпарст нестед!

Ман бо диккат ин барнома ва диагр барномахои зидди точикиро тамошо кардам, аз он чумла шоми дируз барномаи Шайтон-ктораро.
Аз Кабирй, Зухуров, Шабдолов ва дигарон пайваста икдомхои "газаболудро!" хонад истодаам. Аммо ин хама Чаонбон миллати точикро дуст намедоранд, балки шахсиятро дуст медоранд.
То Президентро тахкир накарданд, хама нахестанд. Аз ин маълум мешаванд, тамоми сиёсатмадорони Точикистон шахсият парастанд, вагарна ба ивази хама куштору тахкири миллати точик овоз, нота ва ё ягон икдомро аз сар мегирифтанд.
Хайфи миллати ман, ки ягон дустдор надорад.

Вахдат дар ягонаги аст..гап дар президент Рахмон ё дигараш нест...тахкири давлат ..миллат..ва точик рафтаистодааст...инро фахмед...аз берун....гурчихоро бинед...озароро....молдавану украинхоро..агар аз берун тахкир равад хамаашон аз як гиребон сар мебароранд....Мансаби..президент симои давлат аст...ва фаркаш нест кист вай...

Ба Саид,
Дуруст меги бародар, масъалаи тахкири миллату давлат аст инчо, аммо чаро то холо хамин кадар миллату давлатро паст зада, намояндахояшро масхара мекунанд, макомот ба ин вазъ одат кардаанд, дар ин маврид бошад, хама мутаххид шудаанд, барои чи?

Ташаккур мухтарам Ш.Зухуров, мешудаст ку хамин хел бо гайрат шудан даркор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)