Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:19

Ифшои дағалии занони соҳибмансаби туркман

24 апрел 2013, 12:19

Дар Туркманистон теъдоди занҳое, ки дар мансабҳои калидӣ нишастаанд, ангуштшумор аст, аммо бино ба иттилои торнамои "Хроника Туркменистана" дар таҳқиру таҳвини зердастон онҳо аз мардон камӣ надоранд.

Ин манбаъ менависад, ки чанде қабл раҳбари Хадамоти давлатии табъу нашри Туркманистон аз мансаб сабукдуш гардид. Шоҳидон гуфтаанд, Гизилгул Нургелдиева зимни ҷаласаҳо зердастонашро «журналистони ифлос ва бадбӯй» хитоб мекардааст. Ӯ ин ҳарфҳоро дар ҳузури садҳо корманди хадамот, нависанда, муҳаррир ва рӯзноманигорону дигар намояндаҳои зиёӣ баён кардааст. Гуфта мешавад, ин ягона ҳолати таҳқири зердастон аз сӯйи Нургелдиева набудааст.

Ҳамчунин, зердастони вазири маориф -- Гулшод Мамедова низ ба ҳарфҳои қабеҳи ӯ одат кардаанд. Вожаи дӯстдоштаи хонуми Мамедова, ҳангоми мулоқот бо зердастонаш «ҳаромзода» будааст.

Ноиби нахуствазир Бягул Нурмуродова, ки умури фарҳанг ва санъатро идора мекунад, низ аз ҳамҷинсҳои дигари курсинишинаш қафо намондааст. Одамони ӯро мешинохта мегӯянд, ӯ ҳатто раҳбарони ширкатҳои телевизион ва радиоро дар ҳолати нобоб мегузорад. Калимаҳои дӯстдоштаи ӯ «импотент» ва «петух» (мурғ) будааст.

"Хроника Туркменистана" менависад, ки танҳо аз занҳои курсинишин мисол задаанд ва «пай бурдан душвор нест, ки вазир-мардон бо зердастони худ чӣ муносибате доранд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехуда китоби "хазони умри Одамхудо" чунин рохбаронро мисол наовардааст. Хамааш дар як гахвора калон шудаанд. Ин занони мансабдори туркман (дигар миллатхо хам) ба фикрам гуфторашон аз фохиша хич фарке надорад, шояд пештар маъшукаи ягон шахси вазифадор будаанду пас вазифа гирифтаанд. Дар Точикистон хол чи гуна бошад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!