Бахшҳо
24 апр 2013 13:55Тоҷикистон / Сиёсат

“Шайтон-Поезд” – филми нав алайҳи қатору муҳоҷирони тоҷик (ВИДЕО)

Шабакаи телевизиони давлатии “Русия 1” дар барномаи "Специальный корреспондент. Шайтан-поезд" вазъи қатор (поезд)-ҳои Тоҷикистон ва муҳоҷирини кории ин кишварро ба баҳс кашид.

Николай Злобин, сиёсатшиноси рус, дар ин барнома дар вокуниш ба иддаои коршиносони рус, ки мегуфтанд, Маскав бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон виза ҷорӣ кунад, гуфт, "ҷорӣ кардани раводид бо як кишвар ба маънои аз даст додани шарики стратегӣ аст". Ӯ меафзояд, агар Русия мехоҳад барои низомиёнаш дар Осиёи Марказӣ мушкил эҷод кунад, пас, виза ҷорӣ намояд.

Дар ин барнома теъдоди онҳое, ки аз роҳандозии виза ба кишварҳои ИДМ (СНГ) ҷонибдорӣ мекарданд, зиёд буданд. Онҳо мегуфтанд, ҳамарӯза садҳо муҳоҷири корӣ вориди қаламрави Русия шуда ва бештари онҳо ба таври ғайриқонунӣ кор мекунанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ бе ҷои кор мемонанд.

Аммо Николай Злобин мегӯяд, бояд мафҳуми "гастарбайтер"-ро аз "бозори ғайриқонунии меҳнат" ҷудо кард. «Бозори ғайриқонунии меҳнат мушкили Тоҷикистон нест. Ин мушкили Русия аст ва ҳамин ҷо шакл гирифтааст. Ин бозор танҳо аз корфармо ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ ташкил наёфта, як мушкили системавӣ мебошад»,-афзуд номбурда.

Дар ин барнома Валерий Рашкин, депутати Думаи давлатӣ аз ҷиноҳи Ҳизби коммунист гуфт, ҳоло тарҳи ду қонун таҳия шуда ва дар наздиктарин фурсат ба парлумон пешниҳод мешавад. Ба қавли ӯ, "тарҳи аввал дар бораи ҷорӣ кардани низоми раводиди меҳнатӣ аст, ки баъд аз ду ҳафта ба Дума пешниҳод мешавад. Тарҳи қонуни дуюм молиёт барои корфармоёнеро, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, ду баробар зиёд пешбинӣ кардааст. Чунин афрод на 26 фоиз андозе, ки ҳоло ҳаст, балки 52 дарсад молиёт хоҳанд супурд".



Мӯҳр
Ба сомонаи Озодагон барои тамошои ин барнома имконият фрохам оварданаш миннатдорам.Бо вучуди душвори мо-мухочрон маблаге ба ватан мефирстем.Бо ин маблаг сатхи камбизоати поён мешавад.Имконияти супоридани андозхо ба вучуд меояд.Нафакахурон,кормандони бучави аз ин бахравар мешаванд.Макомот сохиби маблагаке мешаванд.Афсус аз он ки сол то сол ба чои кам шудан сафи мухочирон зиёд мешавад.Дар ТЧ. корхонаеро бо хамхамю дамдама ба кор медароранд,вале ба чойи ин ду-се корхона аз кор мемонад.То он даме дар мо интихоботхо озоду шаффоф намегузарад,ягон пешравиро набояд интизор шуд.Рахбарони воломакоми мо танхо дар гами худу авлодашон.

Мо дар Россия ба мардикори ва аз тарафи хама тахкир мешавем барои як бурда нон!!! Бародарон! Хамватанон! Боваркунед шаби гузашта дар барномаи (специальный корреспондент)шайтон поезда тамошо кардам гирям омад. Ин чи бадбахтист?! МО миллати касали дорои вирус! МО Россияро заражёный кардем! Бояд моро изалироват кунанд! Бояд президенти мо ро ба мисли Начибуллх дар маркази шахр ба дор овезанд!!! ТАХКИР аз ин зиёд мешавад??!!! Ман ба раиси МТС ба раиси радио ва теле визион гуфтаниам бас аст раксу бози!!! Шумо хам хаминхел чамъомадхо ташкл кунед!!! Бо якчояги бо хизбхои мухокиф. Ва хукуки моро химоят кунед!!! Маоше ки шумо мегиред ва оилаатонро мехуронед дирамхои бо араки чабин ва бо ТАХКИР ба даст омадаи мо хам хаст.

Россия пеш аз он ки дар бораи Точикистон ва каторахои он кино сабт кунад, аввал бояд шавализм, аз хад зиёд истеъмол кардани нашъа чавонони онхо, алказанизм ва амсоли инхоро худро сабт намоянд. онхо худ махсусан Жироновский таъкид кардааст, ки агар точикон намебуданд, ахолии русхо аз байн мерафт, инчунин борхо дар каналхою барномахои рус, бе точикон мо хеч "Таджикистан это наша спасения" тахия шудаст. Имруз бошад онхо боз корхои нолозимаро пеш гирифтаанд. жироновскиро бошад (номи уро ба харфи калон навиштан мумкин нест, чунки у одам яъне "ки" нест, балки "чи" аст) дар шахри Маскав хичи мешуморанд, мисли ангуши шашум. Ягон депутат уро инсон хис намекунад, бисёрихо бошанд уро клоун ё ин ки девона ба мисли эхсоси мегуянд. Россия аз хотир набароред шумо бе мо точикон хеч хастед///
Агар ба кадом точике сахт расад, узр мепурсам.

Это не толка у таджиков так а у русских или у других тоже ест. Здесь дело в том что русских стали врагов таджика. Но если бы Таджикистан был бы богатом страна русский тоже ездили в Таджикистан на за робот

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)