Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Раиси ҲНИТ дар Суғд: Мақомот мардумро тарсонданист

24 апрел 2013, 15:53

Як ҳайати 15-нафарӣ аз ҳисоби кормандони амният, оташнишонӣ, Кумитаи дин ва санитарӣ имрӯз, 24-уми апрел, ба дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, дари толори ҷаласаи дафтарро муҳр задаанд.

Наимҷон Самиев, сардори шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомот зимни бозрасӣ дар толори ҷаласаи ҲНИТ танҳо занонро ёфтаанд, ки машғули дарсхонӣ будаанд: “Дарси динӣ дар ин ҷо дар асоси барнома мегузашт. Мақомот 10-15 нафареро, ки ширкат доштаанд, бозпурсӣ намуда, рақами телефон ва суроғаи онҳоро гирифтаанд ва раиси бахши ибтидоии ҳизб дар Хуҷанд, Баҳридинова Таҳминаро бо худ бурдаанд.”

Масъулини ҲНИТ дар вилояти Суғд ин бозрасиро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд, чун ба гуфтаи онҳо мақомот пешакӣ онҳоро огоҳ накарда буданд. Самиев мақсад аз ин бозрасиро тарсондани мардум хонд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мир

  • 24 апрел 2013 16:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин макомот кори дигар надора,ки дум-думи ХНИТ мегарда?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин макомот на бояд аз паси ХНИТ гардад! Онхо бояд на шаб хоб кунанд ва на руз!!! Ва дар чустучуи Маликаву Сабина бошанд!!!!!
Посух додан
  • наим

  • 25 апрел 2013 23:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат обруи худро резонд агар ин фишорхо бар зидди фасод равона мешуд холо дар Точикистони азиз порагир намемонд афсус афсус афсус,,,,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!