Бахшҳо
25 апр 2013 12:36Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Ҷонканӣ”-ҳо барои андоз

Аслиддин ДОСТИЕВ

Андози давлатӣ яке аз василаҳои асосии ғанӣ гардондани буҷаи давлатӣ мебошад. Дар тамоми давлатҳои муттарраққӣ шаҳрвандон на бо роҳи зӯриву илтиҷо, балки бо амри виҷдон ва масъулияти ватандорӣ онро сари вақт пардохт мекунанд. Вале дар Тоҷикистон бошад ҳамин масъулиятро касе бар дӯш надорад. Сар аз савдогари бозор то ташкилоту хоҷагиҳои ба истилоҳ деҳқонӣ, на ин ки аз рӯи инсоф, ҳатто бо зӯриву чаримабандӣ ҳам намехоҳанд ҳаққи андози давлатиро супоранд.

Бино ба иттилои Эмомалӣ Саидов, сардори нозироти андози ноҳияи Восеъ, дар ноҳия хочагиҳое ҳастанд, ки аз андози давлатӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ садҳо ҳазор сомонӣ қарздоранду барои пардохти он на танҳо кӯшиш намекунанд, балки ҳатто парвое надоранд. Саидов мегӯяд, хоҷагии ба номи «Яп» аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 14-ҳазор сомонӣ, хоҷагии деҳқонии ба номи «Шералӣ» беш аз 18-ҳазор сомонӣ аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ қарздор мондаанд. Ҳарчанд сардорони ин хоҷагиҳо гуфтаанд, ки қарзи ФҲИ-ро хоҳанд баргардонид, вале бо сабабҳои номаълум пардохти он ба дарозо рафта истодааст.

Аммо хоҷагии деҳқонии ба номи «Шарифҷон», ки зикри ҳолаш дар матбуоти даврӣ на як бору ду бор мавриди интиқод қарор гирифтааст, қарзҳои ҳанггуфт аз андози давлатӣ ва ФҲИ дораду вале маротибае муҷозот нагаштааст ва аз ин хотир, дигар барои пардохти ҳаққи қарзи давлатӣ ягон кӯшише ба амал намеорад. Ба иттилои нозироти андози ноҳия, то имрӯз қарзи ин хоҷагӣ аз андози давлатӣ 316 ҳазору 426-сомонӣ ва аз фонди ҳифзи ичтимоӣ зиёда аз 269-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷаноби Саидов, сардори нозироти андоз мегӯяд, ҳар моҳ даҳҳо маротиба ба роҳбари хочагӣ Лашкарӣ Мирзоев барои пардохти ҳаққи андоз муроҷиат мекунем, аммо мавсуф ба зораву зӯрии кормандони мо бепарво монда, дар як моҳ агар хоҳад 10-ҳазор сомонӣ мегузаронад ва агар нахоҳад ягон дираме пардохт намекунад: «Ҷаноби Мирзоев на ба гапи мо гӯш мекунад, на парвои прокуратура дорад ва ҳалномаи суди иқтисодиро низ нодида мегирад.»

Дар ҳамин ҳол, хоҷагиҳои деҳқонии зиёде дар ҳудуди ноҳия барои пардохти қарз аз андози давлатӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ саркашӣ кардан доранд. Аммо нозироти андоз барои пасгардонии ин қарзҳо тақрибан кореро ба анҷом расонида наметавонанд.

Аксари хоҷагиҳои саркаш дар ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Рачабов мебошанд. Бино ба иттилоъ, дар мавриди чамъоварии ҳаққи андоз кормандони ҷамоати деҳот усулан парво надоранд ва гуё, ки эшон дар ин маврид масъулият надошта будаанд.

Хоҷагии деҳқонии ба номи «Хоҷа Эшон», раисаш Асомуддин Суфиев зиёда аз 111-ҳазор сомонӣ қарзи андози давлатиро пардохт накардааст ва гумон аст, ки барои он кӯшиш намояд. Зеро, ба гуфтаи чаноби Эмомалӣ Саидов, нозироти андоз ба унвони прокуратураи ноҳия мактуби шикоятӣ дар мавриди барнагардондани қарзи андози давлатӣ аз ҷониби ин хоҷагӣ, ирсол кардааст. Баъди чанд муддат, мегӯяд Саидов, прокуратура мактубамонро барои таҳлилу санҷиш боз ба нозироти андоз пас гардонид.

Хоҷагии деҳқонии ба номи «Заҳматкаш» раисаш Раҷабалӣ Ҳисайнов, зиёда аз 110-ҳазор сомонӣ, хоҷагии деҳқонии ба номи «Сафар», раисаш Рачабалӣ Саидов беш аз 100-ҳазор сомонӣ маблағи андози давлатиро ба буҷа нагузаронидаанд. Хоҷагиҳои ба номи «Муҳаммад» 40-ҳазор сомонӣ, ба номи «Бобохон»- 35-ҳазор сомонӣ, ба номи «Амирҷон»- 75-ҳазор сомонӣ ва даҳҳо хочагиҳои деҳқонии дигар аз ҳамин ҷамоати деҳот аз андози давлатӣ аз 20 то 100-ҳазор сомонӣ қарздор будаанду вале барои пардохти он коҳилӣ мекунанд.

Азим Аҳмадов, мутахассиси нозироти андоз вобаста ба ин муносибати андозсупорандагон гуфт, нест дар ҳудуди ҷамоат хоҷагие, ки аз андози давлатӣ қарздор набудааст: «Дар бисёр маврид хоҷагиҳо муфлис гаштан доранд. Вақте барои андозситонӣ ба хоҷагиҳо меравем, роҳбарони онҳо пинҳон мешаванд. Баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳо заминҳояшонро партофта, гурехта рафтаанд. Гӯё бо ҳамин ҳаққи андозро намесупоранд». Ин мутахассиси соҳа афзуд, ки “танҳо баъди мактуби расмии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия, дар ин семоҳа хоҷагиҳо ба буҷаи маҳаллӣ аз 500 то 1-ҳазор сомонӣ ҳаққи андоз супоридаанду бас.

Ба тасдиқи Эмомалӣ Саидов, сардори нозироти андоз, дар мавриди пасгардонии қарзҳо аз андози давлатӣ мақомоти ҳуқуқӣ дар ноҳия тақрибан худро канор мегиранд ва ба арзу мактубҳои шикоятии нозироти андоз чандон аҳамият намедиҳанд. Гузашта аз ин, роҳбарони ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои деҳқонӣ чун яқин кардаанд, ки барои напардохтани ҳаққи андоз, ҳатто прокуратураву суди иқтисодӣ ҳам бо онҳо кордор нестанд, дигар ҳамагӣ онро сарфи назар кардан доранд.”
Дар ҳамин ҳол сардори нозироти андоз бо ҳар баҳонаву восита иллати ҷамъоварӣ нагаштани ҳаққи андоз ва саркашии қарздорони андози давлатиро болои мақомоти дигар бор карданӣ мешавад. Аммо боре ба ёд овардан наметавонад, ки барои ситондани андози давлатӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ шахсан худи ӯ ва кормандони нозироташ ҷавобгӯ ҳастанд, чун дар ин маврид номнависанду ҳар моҳ аз ҳисоби буҷаи давлат маош мегиранд.

Ноҳияи Восеъ ягона ноҳияест дар вилояти Хатлон, ки барои ҷамъоварии андози давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад ва барои ситондани андоз сар аз ҳар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то кормандони мақомоти дигари ҳуқуқӣ ва ҷамоатҳои деҳот, ба истилоҳ «сафарбар мешаванд», вале ҳамоно дар ҷамъоварии он оҷиз мемонанд. Ичрои нақшаи андозситонӣ гувоҳ аз он медиҳад, ки кормандони соҳа ва ҳукумати маҳаллӣ дар ин маврид усулан масъулият ҳис намекунанд. Ҳамин аст, ки нақшаи пешбинишуда дар моҳи март ҳамагӣ ба андозаи 100,1% ва семоҳа низ 100,1% ичро гардидаасту бас. Агар инчунин муомилот тағйир наёбад ва ин усули роиҷ боз ҳам идома дошта бошад, бегумон боз сад соли дигар ноҳияи Восеъ дар дотатсияи давлат хоҳад монд. Ва ё шояд ин гуна ҳам бошад, зеро дар мавриде ки Ҳукумати марказӣ маблағгузорӣ дорад, зарурати «ҷон канда, андоз ситондан намемонад».
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)