Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

“Шайтон-поезд”-и Ҳукумов моро ба куҷо мебарад?

25 апрел 2013, 15:36

Ҳумайрои БАХТИЁР

Пахши барномаи “Специальный кореспондент” таҳти унвони “Шайтон поезд” тавассути шабакаи телевизионии “Русия 1” бори дигар мақомоти тоҷикро ба таҳлука овард. Барномаи “Шайтон поезд”-и русҳо дақиқан хусусияти идомаи сиёсати зидди тоҷикона дошта, дар он ҳамкасбони рус оддитарин одоби хабарнигориро риоя накардаанд.

Бино ба «таҳлил»-и хабарнигори рус ҳоло тоҷикон Маскавро шабушкзада кардаанд. Аз ҳисоби ҳузури муҳоҷирини тоҷик гӯиё мизони ҷиноят дар ин кишвар афзоиш ёфта, ҳар таҷовузи дуввум ва ҳар саввумин задухӯрд аз ҷониби муҳоҷирон сурат мегирад. Гуфта шуд, ки қаторҳои Тоҷикистон-Русия ин як “қуттии бадиҳо” - афзоиши фасод, маводи мухаддир, ҷиноят ва беморӣ барои русҳо будааст.

Коршиносон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии рус аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамасола бо ин ҳама бадиҳо муҳоҷирони тоҷик ҳудуди 3 миллиарду 600 миллион доллари онҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар робита гурӯҳе аз ширкатдорони барнома пешниҳод доштанд, ки дар баробари ҷорӣ гардидани низоми раводид бо Тоҷикистон, Русия ҳамчунин шаҳрвандони тоҷикро барои пардохти андози будубош ӯҳдадор намояд. Аслан нигаронии бештари коршиносони рус аз бекорхӯҷаҳои худ буда, онҳо дар тааҷҷуб буданд, ки чаро корҳоеро, ки як шаҳрванди онҳо анҷом намедиҳад, миёни тоҷикон ин қадар талабгор дорад.

Албатта, русҳо ба унвони як миллат ва қабл аз ҳама ҳамчун инсон ҳуқуқи маънавии таҳқири миллати дигарро надоранд. Ин барнома ва таҳлили коршиносон, шеваи гуфтор, бархӯрд ва таҳқири ноҷои онҳо қобили қабул нест. Вале, биёед, ба масъалаи мазкур аз дидгоҳи дигар ворид бишавем. Тибқи мушоҳида аз ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ-чиноӣ коршиносон ва равшанфикрони мо ҳам борҳо изҳори нигаронӣ карданд. Дар таҳлилҳои худ коршиносони мо низ чиноиҳоро бадтар аз ҳар фоҷиа тасвир мекунанд. Ин магар аз рӯи одобу эҳтиром нисбат ба инсон аст?

Акнун инсофан воқеиятро бибинем, ки то куҷо қаторҳои боздоштшудаи ҷониби Тоҷикистон посухгӯи шароити санитариву гигиенӣ ҳастанд? Оё мо далеле оварда метавонем, ки масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон шаҳрвандони моро дар асл дар шароити беҳтар нигоҳ дошта, онҳоро бо ғизои хуб таъмин мекунанд? Чаро масъулини рус бидуни огоҳӣ вазъи қаторҳоро тафтиш карда метавонанду Амонулло Ҳукумов, раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ин корро анҷом намедиҳад? Воқеан агар ҷаноби Ҳукуматулло боре ноаён ба кормандонаш иттилоъ надода аз қаторҳои Тоҷикистон, ки масъулияташро ба ӯҳда дорад, дидан мекард, фикр мекунам, вазъ тағйир менамуд ва кор то инҷо намерасид.

Албатта, барномаи мавриди зикр қобили қабул нест, вале аз ҷониби дигар мо бояд эътироф бикунем, ки воқеан баъзе аз ҷавонон бо фарҳанги шаҳрнишинӣ ошноӣ надошта, ҳамзамон забони русиро балад нестанд. Инҷо ҷавонону муҳоҷиронро барои ба вуҷуд овардани чунин бардошти русҳо айбдор карданӣ нестам. Вале, чаро имрӯз русҳо бидуни ҳеч дудилагӣ моро ба зиндагии шароити ваҳшиёна (скотские условия) муттаҳам мекунанд?

Оё мо метавонем бигӯем, ки шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи меъёр даҳшатовар нест? Вақте ки пойтахти як кишвар дар ин қарни фанновариҳо мушкили барқу обу гармӣ дорад (15 сол аст!), вақте дар пойтахти як кишвар хидматрасонии нақлиёт ба низом намедарояд, мо метавонем садо баланд кунем, ки тамоми гуфтаҳои хабарнигорони рус тӯҳмат ҳаст?

Мусаллам аст, ки ҷавонони мо барои таъмини хонаводаи худ ба Русия мераванд, на барои истироҳат! Фикр мекунам, на муҳоҷирон, балки давлатмардони мо боис шуда, то русҳо миллати тоҷикро таҳқир бикунанд ва масъулияти ин қадар таҳқир шунидани миллат низ бояст бар душӣ эшон бошад. Аслан на забондониву бемаданиятии шаҳрвандон, балки сиёсати кадрии ҳукумат фазоеро ба вуҷуд овард, ки ин миллат ҳамчун муҳоҷир ва мардикор барои дигарон муаррифӣ бишавад. Бояд эътироф кард, ки кам касоне дар Тоҷикистон имкони фароҳам овардани зиндагии нисбатан роҳатро доранд, ки онҳо ҳам ба гурӯҳи тоҷирон, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ ҷудо мешаванд.

Воқеан, надонистани забони русӣ аз ҷониби як роҳбалади қатори Душанбе-Маскав бояд ҷойи нигаронӣ бошад. Вале пӯшида нест, ки ин роҳбаладҳо аз ҷониби кӣ ва дар асоси кадом шартҳо ба вазифа таъин мешаванд. Аз ин хотир нигаронӣ набояд барои таҳияи барнома, балки барои аз ӯҳдаи вазифа набаромадани масъулин бошад. Ҷавонону наврасони мо на аз бархӯрди миллатгароёни рус, балки аз сабаби дар сатҳи зарурӣ набудани бахши маориф ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Аз ҷониби дигар дар тааҷҷубам, ки чаро силсилабарномаҳои зиддитоҷикӣ ин навбат мақомоти Тоҷикистонро такон дод. Бароям хеле муҳим аст, то бидонам он ҳама изҳоротро масъулини мақомот бо чӣ руҳия таҳия кардаанд? Оё барои масъулин шармовар нест, ки ранги сиёҳро дида, талаб мекунанд, дигарон сафед бигӯянд? Оё виҷдонашон азоб намедиҳад, вақте муҳайё набудани оддитарин шароитро дида, худро ба нодонӣ мезананд?

Русҳо ҳам ҳайрон шудаанд, ки мақомоти тоҷик низ садо доштаанду онро яке “рӯшан” намуданд. Магар ин нахустин санги тӯҳмату таҳқири русҳо бар ҷониби миллати тоҷик буд? Магар қабл аз ин муҳоҷирони моро “рейд” намекарданд? Магар миллатгароёнашон ҳамасола шаҳрвандони моро ба қатл намерасонанд?

Мақоле ҳаст, “илоҷи воқеа қабл аз вӯқуъ”. Агар ҳамин масъулини ҳукумат, ки имрӯз вуҷудашон аз ин таҳқир дар «азоб» аст, дар ҳамон ҳодисаи аввали куштор, ҳодисаи аввали латукӯб, ҳодисаи оғози таҳқири шаҳрвандон, ҳодисаи нахусти нақзи ҳуқуқи тоҷикон дар Русия чунин бархӯрд мекарданд, ба гумонам, имрӯз хабарнигорони рус ҷуръати бо ин оҳанг таҳия кардани барномаро надоштанд. Мутаассифона амали масуъулини ҳукумат тақрибан чунин буд: “Набояд мо муносибатро бо шарики стратегиамон сард кунем”.

То замоне ки таҳқирро то ба сатҳи президент набароварданд, мақомоти мо таҷрибаи пахши фаврии изҳоротро надоштанд. Албатта, барномаҳои зидди тоҷиконаи русҳо ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои сиёсиашон ҳаст. Пас, мухотаби аслӣ барои шунидани ин таҳқир на мардуми оддӣ, балки масъулини ҳукумат бояд бошанд. Чун шаҳрвандонро то ба ин ҳад ҳамин масъулин расондаанд.

Гузашта аз ин ҳама, суоле зеҳнамро ба дард меорад, ки мо тоҷикистониён дар асри 21 бо “шайтон-поезд”-и Ҳукумову Ҳукумовҳо то ба куҷо хоҳем рафт?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Дангара меравем??? Хаминро хам надониста мепурси охи???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё шумо гуфтани хастед, ки навори хабарнигори рус тахия карда ягон хакикат надорад?... Шумо бо чашми худ ин шармандагиро мебинед хар руз, наход акнун аз хакикати талх, ки дигар давлат ба мо гувохи дихад мо меранчем? - Охир нигаред, ки то чи андоза дар ин "шайтон поезди" мо конунхои элементарии санитари риоя намешавад, аз чирку ахлот ва буй нохуш хатто дар ин поезд аз як соат зиед нишаста намешавад, То ба кай мо Точикон худро чун миллати "чиркину" антисанитари" дар арсаи чахони муарифи кунем? Ин шармандагист ва ин гапи рост аст, ки поездхо ва пассажирон аз маданияти тозаги ва маданияти асри хозира кафо мондаанд! Ба чои он ки мо поездро тоза нигах дорему бо сифати аъло ба пассажирон хидмат расонему, ва пассажирони антисанитарии худро тарбия кунем, мо аз хакикати хол зуд меранчему забон дароз карда "нота протеста" равон мекунем! Шумо ба ман гуед, бо кадом ру точикони мо ин корро мекунад? Намешавад, ки мо худро ислох кунем пеш аз он ки моро дигар давлатхо таъна кунанд???? Худатон фикр кунед дустон!

Оё шумо гуфтани хастед, ки навори хабарнигори рус тахия карда ягон хакикат надорад?... Шумо бо чашми худ ин шармандагиро мебинед хар руз, наход акнун аз хакикати талх, ки дигар давлат ба мо гувохи дихад мо меранчем? - Охир нигаред, ки то чи андоза дар ин "шайтон поезди" мо конунхои элементарии санитари риоя намешавад, аз чирку ахлот ва буй нохуш хатто дар ин поезд аз як соат зиед нишаста намешавад, То ба кай мо Точикон худро чун миллати "чиркину" антисанитари" дар арсаи чахони муарифи кунем? Ин шармандагист ва ин гапи рост аст, ки поездхо ва пассажирон аз маданияти тозаги ва маданияти асри хозира кафо мондаанд! Ба чои он ки мо поездро тоза нигах дорему бо сифати аъло ба пассажирон хидмат расонему, ва пассажирони антисанитарии худро тарбия кунем, мо аз хакикати хол зуд меранчему забон дароз карда "нота протеста" равон мекунем! Шумо ба ман гуед, бо кадом ру точикони мо ин корро мекунад? Намешавад, ки мо худро ислох кунем пеш аз он ки моро дигар давлатхо таъна кунанд???? Худатон фикр кунед дустон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшану Чамшуд бас набуд,ки боз ба номи точики мухочир шайтон-поезд зам шуд.Чаро аз гуфти хабарнигорони рус бешармона боз меранчидаанд,дар холе,ки нисбати ахволи санитарии поездхоро бе ягон муболига баён кардаанд.Ба кавле:Агар оина айбро нишон дихад шикастани оина аблахист,хештанро бояд ислох кард.
Масъалаи дигар он аст,ки хабарнигорони точик,ва хонуми гиромие,ки ин матнро гузоштаед,чаро то он замоне,ки русхо нисбати поезду мухочирони точик садои танкидро баланд накарданд хомуш будед?Чаро як бор тадкикоти журналисти нисбати ахволи поезду самалётхое,ки мухочиронро мекашонад набурдед?
Хабарнигорони точик,оё медонед автобусхо точиконро дар чи гуна шароит ба шахрхои рус мебаранд.Дар рохравхояш чои кадаммони надорад.Шояд русхо аз инаш бехабар мондаанд.
Бечора миллатест точик,ба хусус точики мухочир.Ин абёт шохиди хакикии холати имрузаи точик аст:

Гами чонхораи мо – мардуми нонхораи мо,
Мардуми дар паи нон дар ба дар овораи мо.
Мезанад лоф, ки ман точикаму точбасар,
Точ ку бар сари бубридаву хуншораи мо?
Назанад дар сари мо шуъла ба чуз тег, чаро
Точи хунолуди мо дар сари хунхораи мо?
Дорад афсона, ки «мо сохиби истиклолем!!!»
Хайф! ин мустакилй нест дар афкораи мо.
Ин хама харзаи мову ту наарзад ба яке
Катраи хуни дили модари бечораи мо.
Беш аз киссаи ин халки парешон набувад,
Ќиссаи миллати армонии ангораи мо.
З-ин сабаб Одинахо муздури Арбоб шуданд,
Ки бувад бардагй дар тинату пиндораи мо.
Посух додан
  • журналист

  • 25 апрел 2013 18:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин маводар хумайро нанавиштааст мо сатхи хумайроро медонем. аммо хайронам ки чаро ба чойи духтарони хабарнигор нафарони дигар менависанд.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисер чолиб ва ба дарди хозираи мухочирони мо бар мехурад.Офарин хохари нависандаи мо.Бисер бебокона навиштаст. Ин дарди миллат аст ки онро на мухочирон балки раиси чумхур ва хукумату вазирон бояд хал мекарданд. Президенти хозира шоханшох бояд набошад.Президент ин менеджери чумхури дар мудати -4-5 сол аст.ки мардум бо райдихи интихобаш мекунанд.Президенти Амрико агар як шахрвандаш дар хорича кушта шавад.ба он давлат равобити дипломатиашонро катъ мекунанд.Президенти мо чи ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Русхо ба зоти худ надоранд айбе.Хар айб ки аст,дар точикистонии мост".Биёед мардонавор гуноххоямонро ба зимма гирем.Дар Точикистон танхо мебинем,ки донишчуёну эчодкорон тозаву озода мепушанду мегарданд.Чавонони точики мухочир намехохад,ки хатто як майкаи сафеди сад рублиро бо як шими чинси 300-сумма харида пушад.Афту андомаш аз кишлокии дур хам бадтаранд.Ошики нос хастанду гапкашиву чангу чанчол.Дар даврахои СССР,дар Душанбе,сардори Рохи Охан,пеш аз ба рох баромадани каторахо бо хамрохии саринженеру дигар муттахассисони ин соха ,даромада вагонхоро тафтиш мекарданд.Хукумови собик "завмаг" ягон бор тафтиш карда бошад,вагонеро?.Ман борхо таъкиду илтимос мекардаму мекунам,ки хар сол пеш аз он ки мухочирон ба Россия меоянд,бояд рохбарони чумхури бо онхо вохурихо гузаронанд.Хайр аккалан ба тарбияи мухочирони кори хам боре ахамият дихед.Чаро ба африкоихову арабхову туркхову афгонхо ва хатто цыганхои оворагард эрод намегиранду мо точикони бофархангро паст шуморида тахкиру таъкиб мекунанд?.Айби худи мост!.
Посух додан
  • Солех

  • 27 апрел 2013 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Хакикт Хохарамон Хумайро бисёр гайрат карданд!
Ин кору бори Мутасадиёни Рохи Охан бар зиди Рахонов Давлати Точикон аст .Ин аз рафтори Гаффор Мирзоев ва Махмуд Худоибердиев хеч ками надорад Ана хонинони Миллатро Чазодихед кани!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мошооллох Ҳумайрои БАХТИЁР бехтарин. Дарди дили маро дар макорла овардед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!