Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 21:23

Як маҷмааи комплексии бузург дар ноҳияи Восеъ бунёд мегардад

9 июл 2011, 03:53

Дар ноҳияи Восеъ бо ибтикори як соҳибкори маҳаллӣ, бо исми Нуруллоҳ Кабиров сохтмони маҷмааи бузург идома дорад.


Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳия мегўяд, иншооти мазкур дар майдони 1,6-гектар бунёд меёбад, ки дар худ якчанд бинову толорҳои гуногун, аз қабили толори бузурги варзишӣ, синфхонаҳои таълимӣ барои омӯзиши компютер, китобхона, мағозаҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаи зебову барҳаво барои 72-кат ва ҳавзҳои шиноварӣ барои занону мардон дар алоҳидагӣ.

Нурулло Мирзоев афзуд, «мавзее, ки соҳибкор барои бунёди маҷмааи бузург интихоб карда буд, дар шафати роҳи нақлиётгард, дар маркази ноҳия буда, тақрибан холӣ буд.  Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ин комплекс ба ҳусни ноҳия меафзояд ва ҳукумати маҳаллӣ ин пешниҳоди соҳибкорро дастгирӣ намуд».

Гуфта мешавад, сохтмони комплекс моҳи марти соли равон оғоз гардида, корҳои бунёдкорӣ сифатнок амалӣ мегарданд.Тибқи лоиҳа, дар бунёди он 2 миллиону 347 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мегардад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!