Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ

25 апрел 2013, 16:20

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, 16-уми апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Академияи идоракунии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Маскавро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент, раиси ноҳияи Панҷи Хатлон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Шукурҷон Зуҳуров аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду даври аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.

Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 - 2000).

Шукурҷон Зуҳуров 28-уми феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Иброхим

  • 25 апрел 2013 18:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧАНОБИ ЗУХУРОВ ШАХСИЯТИ ТАЪРИХИАНД! ЗЕРО ИМЗОИ МУБОРАКИ ОН КАС ДАР ЗЕРИ АКТЕ, КИ 1300 км. кв. ЗАМИНИ ТОЧИКРО БА ЧИН ФУРУХТА ШУД МЕИСТАД (ДУ БАРОБАР ЗИЁД АЗ МАСОХАТИ КИШВАРИ СИНГАПУР) ЧАНОБИ ЗУХУРОВ ТАЪРИХИ ТОЧИК НОМИ ШУМОРО ХЕЧ ГОХ ФАРОМУШ НАМЕКУНАД!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!