Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Ҷавоби расмии Маскав ба нотаи Душанбе оиди Жириновский (ВИДЕО)

25 апрел 2013, 18:54

Вазорати умури хориҷии Русия ба нотаи эътирозии Тоҷикистон, ки 23-юми апрел ба сафири ин кишвар дар Душанбе, Юрий Попов супорида шуд, ҷавоб додааст.

Дар ҷавоби расмии Маскав аз ҷумла омадааст, ки “изҳороти Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия ва Ҳизби либерал демократҳо дар доираи ток-шоуи “Поединок” аз тариқи шабакаи телевизионии “Русия-1” дар шакли эҳсосӣ, ки хоси ин сиёсатмадор аст, баён шудааст.”

Маскав таъкид кардааст, ки изҳороти Жириновский бо мавқеи аслии Русия нисбати Тоҷикистон ҳеҷ умумияте надорад: “Русия Тоҷикистонро итифоқчию шарики стратегии худ медонад ва талош мекунад, ҳамкориҳои тарафайнро густариш диҳад.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русияро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид, ки дар он аз ҷумла омадааст, “вазъияте, ки мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тариқи ВАО суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона садо медиҳанд, моро нигарон намудааст.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти ахири Владимир Жириновский дар бораи муҳоҷирони тоҷик ва раҳбари Тоҷикистон дар барномаи “Поединок”-ро зикр карда, онро натанҳо таҳқири роҳбари ҷумҳурӣ, балки таҳқири миллати тоҷик унвон кардааст: “Суханҳои таҳқиромези Жириновский, ки элитаи сиёсии Россияро муаррифӣ менамояд, ба рӯҳияи дӯстию анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад.”

Дар паи ин парлумон ҳам бо нигаронӣ аз изҳороти Жириновский рӯзи 24-уми апрел ба Думаи давлатии Русия муроҷиатнома ирсол намуда, депутатҳои русро ба риоияи одоби муошират даъват намуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз руссия даст кашидан даркор .корхонахои худро даркордохтан даркор .аз таги пои инхо халосхурдан даркор . ватани бегона. бегона хаст. мо бароинхо гулом хастем . аз гуломи халос хурдандаркор .
Посух додан
  • Комрон

  • 26 апрел 2013 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Жриновскийро ТВ хои ФР хамчун маскарабози Сирк истифод мекунанд. Чун маскарабоз барои хандонидан ба сахнаи сирк рох меёбад, пас Жриновский хам хамин гуна аст. Тв хои ФР бошанд барои диккати бинандагонро чалб намудан ин гуна маскарабозонро даъват мекунанд, хатто шояд барои чунин баромадаш хамчун коршинос гуён маблаг хам диханд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мебахшед чи фикр мекунед, ки Русия барои шумо Точикистонаст, ки 2200000 шахрвандоша рои мекунад, ки ТТочикистон равед...
Посух додан
  • СПАРТАК

  • 29 декабр 2013 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЖИРИНОВСКЫЙ ИН НУСХАИ ПАСИПАРДАГИ ПУТИНУ МЕДВЕДЕВЧА ХАСТ НА КАСИ ДИГАР.ТАРСИДАН-ЛОЗИМ-НЕСТ-БО-ТАКЯ-БА-БОВАРИ-
ХАЛК-ВА-ТАКВИЯТИ-КАДРХОИ-ЧОНСУЗИ-МИЛ
ЛАТ-ЗАРБАИ-ЧОНСАХТИ-ИТТИЛООТИ-ТАРИКИ-ЭВРОН

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!