Бахшҳо
26 апр 2013 09:53Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмон ба аҳзоб: "Мисли интихоботи 1991 ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми апрел дар паёмаш ба парлумони ин кишвар гуфт, кафолат медиҳад, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таври демократӣ ва шаффоф баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, интихоботи президентии Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад.

Ӯ дар идома таъкид кард, "мо тамоми шароитро барои интихобот фароҳам мекунем. Тамоми ҳизбу созмонҳое, ки орзую ҳавас доранд, барояшон имконият медиҳем. Вале мисли интихоботи соли 1991 ба умеди хоҷагони хориҷии худ нашавед."

"Ягон кас ба кишваре, ки 6 моҳ барқ надорад, сармоягузорӣ намекунад"

Оқои Раҳмон, ки дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе дар ҳузури 1 ҳазору 250 мансабдор баромад мекард, рушди гидроэнергетикаро махсусан муҳим хонд ва аз ҷумла гуфт: "Касе набошад, мутахассисони байналмилалӣ ва ё ватанӣ, бояд донанд, ки бе рушди гидроэнергетика пешрафти Тоҷикистон ғайриимкон аст. Яке аз сабабҳои кам ворид шудани сармояи мустақим ба Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ аст. Кадом сармоягузор ба кишваре сармоягузорӣ мекунад, ки давоми 6 моҳ нерӯи барқ надорад. Бинобар ин, мо ҳам нерӯгоҳҳои нав месозем ва нерӯгоҳҳои мавҷударо таҷдид мекунем."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо бунёди нерӯгоҳҳою обанборҳо пеши роҳи офатҳои табиию обхезиҳо гирифта хоҳад шуд: "Мо ҳамасола барои пешгирии офатҳои табиӣ садҳо миллион сомонӣ сарф мекунем. Дар сохтмони нерӯгоҳу обанборҳо ба созмону коршиносони байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунем."

Раҳмон ба аҳзоб: "Мисли интихоботи 1991 ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед"


“Ҳуқуқшиносу иқтисодчиёнамон аз ҳад зиёд шудаанд”

Президент Раҳмон дар идомаи суханронияш аз бекор мондани хатмкунандагони муассисаҳои олии кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ҳамасола ҳазорҳо хатмкардагони муассисҳои олии кишвар бекор мемонанд ва ба корҳое машғуланд, ки ба ихтисоси онҳо мувофиқ нест. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ҳоле Тоҷикистон ба муҳандисон, энергетик, барномасоз ва табибон ниёз дорад, аксари ҷавонон барои таҳсил дар бахшҳои иқтисодию ҳуқуқшиносӣ талош мекунанд: “Аз соли 2008 инҷониб ҳуқуқшиносиро 9 ҳазор ва бахшҳои иқтисодиро беш аз 40 ҳазор хатм намудаанд. Аммо ҳуқуқшиносу иқтисодчии сатҳи байналмилалӣ ангуштшумор дорем.”

Эмомалӣ Раҳмон сафарҳояшро ба навоҳӣ зикр карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки мутахассисон дар навоҳӣ намерасанд. Ӯ дастур дод, бо истифода аз квота сокинони навоҳӣ ба муассисаҳои олӣ ҷалб гарданд ва мутахассисон омода гарданд. Президент таъкид намуд, ки дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ва музди арзанда таъмин гардад, зеро ҳамасола ба бозори меҳнат ҳудуди 150 ҳазор хатмкардаи макотиби миёна ворид мешаванд.
[size]
Мӯҳр
Бехтарин худсафедкуни

боз ваъдаи "мо ҳам нерӯгоҳҳои нав месозем ва нерӯгоҳҳои мавҷударо таҷдид мекунем."

Ба кафолати президент бовар надорам.Дар интихоботи соли 2010 низ чунин кафола дода буд.Он интихобот пуртакаллуб ва гайришаффофтарин буд. Ба чойи ин кафолат Конуни интихоботро демокроси бояд кард.Максади президент интихоботи озоду демокроси бошад,чаро тагйиру иловахоро напазируфт. "

марчона
тачрибаи чандинсола нишон медихад, ки шахсони аз дехотомада пас аз хатми мактабхои оли ба зодгохашон бар намегарданд ва дар шахр мукими шуда кор мекунанд

Ман иктисоддони сатхи байналмилали буда, дар Ватанам кор наёфтам, аммо холо дар Олмон, дар як ширкати бузурги Эрони фаъолият карда истодаам.

хмммммм....... барои набудани гидроэнергия ки гунахкор бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)