Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:36

Духтари 20-солаи тоҷик аз президент шавҳар хостааст

26 апрел 2013, 10:54

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ироаи пайём ба парлумон зарур хонд, низоми фарзандхонӣ дар кишвар сода ва густариш ёбад.

Президент таъкид намуд, ки дар сурати ҳалли мушкили ятимону бепарасторон пеши роҳи қочоқи одамон низ гирифта хоҳад шуд. Ӯ аз ҷумла аз низоми мушкили бюрократии фарзандхонӣ интиқод намуда, таъкид намуд, ки “ бо роҳандозии чунин низоми бюрократӣ мо худамон барои фасоду коррупсия роҳ мекушоем.”

Эмомалӣ Раҳмон аз сафараш ба навоҳӣ ва мулоқот бо як ятимдухтар ёдовар шуд, ки баъди хатми мактаб ба раисиҷумҳур муроҷиат карда, гуфтааст, соҳиби диплом аст ва акнун ба шавҳар ниёз дорад: “Ин духтари тақрибан 20-сола буд ва талабаш ягон ҷои ханда надорад. Агар ӯро ба фарзандӣ мегирифтанд, чунин мушкил пеш намеомад. Дар муассисаҳои махсус барои бепарасторон агар тамоми шароитро муҳайё кунем ҳам он меҳру муҳаббатеро, ки кӯдак дар оила мегирад, иваз намекунад.”

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар кишвар низоми фарзандхонӣ пеш равад ва бояд ниёз ба муассисаҳои махсус барои ятимон боқӣ намонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале, талабаш чойи ханда надорад, балки бояд гирист. Давлати Точикистон ба хадде сусту заъиф аст, ки наметавонад иктисодро рушд ва чавононро бо кор таъмин кунад. Ва онхо мачбур мешаванд ба хорича ба чустучуйи кор бираванд, баъзеяш барнамегарданд, шумори кобили мулохза аз чавонон дар он кишвархо (ба хусус Россия) издивоч мекунанд ва ин чо духтарони чавони точик бешавхар мемонанд, ё мачбур мешаванд зани дуюм ё сеюму чахорум бишаванд.... Дар ин хол, дар сохтмонхои маркази пойтахти Точикистон садхо нафар хитои ва бангладеши кор мекунанд... Окибатхои манфи ва фочиавии мухочират зиёд аст, ки бешавхар мондани духтарон факат яке аз онхост....
Посух додан
  • Faruk

  • 26 апрел 2013 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Assalomu aleykum barodarho man yak hulosa barovardam man mehoham ba hamin hoharamon erdam bidiham man 22 sola hastan holo honador nestam ba man eri merasonded va bo in admini ozodagon tamos giram to ki ba in duhtar eri rasonam istimos!

va yo rakami telfoni in saytro menavisted toki man guftugu kunam barodarho
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё худовандо бахташро кушода намояд.Аз кадом зангирихо бо духтарони рус мегуед?.Духтарону занхои чавони рус магар он кадар дар руи рох мондаанд,ки дархол хамсару хамболини мухочирон мешаванд?.90-фоизи мухочирон.аллалхусус чавонони мо ва бисьёр мардони точик,бо "арусон"е хонадор мешаванд,ки майзадаву туршру ва бадшаклу аз оилахои серфарзанду ичтимои номуътадилу бетарбия мебошанд.Ё ин "арусон"10-15-сол аз "ошикон"и худ калонанд.Дар шахри Истраи назди Москва чавонмарди 40-солаи точик,Сафар номаш,бо як зани 61-сола хамхобаги дорад.Боз марди дигареро медонем,ки бо як кампири 73-солаи чинчу винч хонадори мекунад.Бисёре аз хамватанони мо аз руи маколи"сару савдои худам",ё "ин хаёти ман ба ман маъкул аст"амал мекунанд.Онхо хамин хел одат карда,часорате надоранд,ки маблаги кифояе кор кунанду ба Точикистон баргарданд.Онхо беномусу беаклу бефаросату беандеша шуда,тарраддуду хостгори бо духтарони точику хонадор шуданро дигар фаромуш мекунанд.Эй чавонони точик аз ояндаатон андеша кунед!Хеч гох духтари маълумотноку бо маърифату зебои рус ба шумо наздики намечуяд.Дидам ва шохидам аз зангирии точикон дар Россия.ношукрии чунин зангирихо.Точикдухтарони мо бехтарини дуньёанд!.
Посух додан
  • марди точик

  • 6 июл 2014 21:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман сохи оила ва ду фарзанд будам вале бо сабабе ки конунгузории ва кормандони ифзи хукук ва гайрахои мамлакатамон нисбат ба занон зиётар аст аз ин сабаб нисбати ман чунин коро раво донистанд.
1 оилаамро вайрон намуданд
2 фарзандонамро гирифтанд
3 худамро бо тухмат ба корхои хатми мухлат доданд
4 барои зани мучарадам бо бахои кудако маблаг ситониданд
аз ин лихоз аз президенти мухтарам Эмомали Рахмон эхтиромона хохиш менамоям, ки нисбати заноне ки тухматчи мебошанд ва нисбати оила дахл нопазирии падару модари тарафайнро пурзур намояд токи оилахо ва фарзандон зинда ятим намонанд яке сабабхои душманни милатаон пурзур намуданашон дар хамин камбудихои давлатамон мебошад чун ки давлати имрузаи ЧТ занонро хело тори даст намудаст ки занони точик фаромуш кардаанд кистанд то сини 40-50 расиданашон баъд пушай мон мешаван, ки алакай аз чухури берунанд ва мардони бечораи точик дар назди русхо гуломанд илтимос Чаноби оли нисбати занон ва хусусан дар масалаи оила дар холати чудошави марду зан кудаконро аз дасти харду гирифта ва ба харду алименти аз маошашон балантаро чори намоед токи оилахо бархам нахурад чун ки дар кодекси оила нисбати зонон хело батари хаст ки занон аз ин истифода бурда ба фоишаги рох пешмегиранд
Илтимос Чаноби Оли
Посух додан
  • бадридин

  • 14 ноябр 2014 22:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эмомали илтимос рав аз сари давлат
Иотимос
Посух додан
  • МИЛАШКА

  • 20 ноябр 2014 19:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭТО НИ ВАША ДЕЛА bully
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МА МЕГИРМ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!