Тибқи як пурсиши сартосарии шаҳрвандон дар Русия аз ҷониби вазорати тандурустии ин кишвар муайян гаштааст, ки тақрибан ҳар чаҳорум нафар ба хотири ором намудани майнаи сар шароб менӯшидаанд.
Ҳар нафари сеюм бошад, охири ҳар ҳафта ба хотири мӯътадил намудани нерӯ май истеъмол мекардааст.
Тақрибан ҳамин шумора одамон барои фаромўш намудан ва фикр накардан аз мушкили иҷтимоиву иқтисодиашон ва истироҳати дуруст доштан, машрубот истеъмол мекардаанд, ҳар панҷумин нафари майнӯшони рус ба хотири дар ҷамъомаду маросимҳо танҳову ғамгин намондан ин амалро ба даст мегирифтаанд. Ҳамин миқдори дигар барои ҳамту, хурсандӣ кардан арақ менӯшидаанд.
Ба иттилои вазорати тандурустии Русия, 30-фисади шаҳрвандони кишвар дар маросимҳои ид, ба монанди рӯзи таваллуд, соли нав, 8-уми март, 23-юми феврал ва ғайра арақнўшй мекунанд. Ҳамзамон, 15-фисади русҳо ба ин иқроранд, ки аз мастӣ хушашон меояд ва 8-фисади дигар гуфтаанд, ки бӯйи нўшокиҳои спиртӣ барояшон мақбул аст. Гузашта аз ин, ҳар нафари 20-ум барои он арақ менўшад, ки каме кайф кунад, ҳар 25-ум нафар ба хотири «аз ҷамъият қафо намондан» ва ҳар нафари 50-ум барои гарм шудан. {jathumbnail off}
Мӯҳр