Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

Сурайё Қосимова: "Ҳамааш 100 фоиз! Маро ҷарима накардаанд"

26 апрел 2013, 14:05

Сурайё Қосимова, овозхони маъруфи тоҷик, хабарҳоро дар бораи ҷаримабандӣ шуданаш рад кард.

Қосимова рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” таҷлили ҷашни 55-солагияшро тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳаргиз қонун дар бораи танзими расму оинҳоро нақз накардааст. "Ин ҷашни зодрӯз дар яке аз тарабхонаҳои хурди шаҳри Душанбе баргузор шуд ва як ҷашни хонаводагӣ буд",-афзуд ӯ.

Ин сарояндаи маъруф мегӯяд, “дар тарабхонае, ки мо ҷашн гирифтем, муштариёни дигар низ буданд. Аз комиссия оид ба танзими расму оин касе омада набуд. Бинобар ин, хабарҳо дар бораи ҷаримабандӣ шудани ман асос надоранд, ҳамаш сад фоиз аст.”

Ин дар ҳолест, ки масъулини Комиссияи танзими расму оин дар суҳбат бо баъзе аз хабаргузориҳо гуфтаанд, Қосимова зимни таҷлили мавлудаш қонун дар бораи танзими расму оинро нақз кардааст, ки он аз 4 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима дар пай дорад.

Қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи он таҷлили рӯзи мавлуд танҳо дар доираи аҳли оила иҷозат дода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус,ки хабардор нашудам,ки рузи таваллуди ин хофизаи хушовоз Сурайё Косимова будааст.Хонум 55-сола шуд,табрику муборакбод мегуем.Ин тарзи танзиму манъсозии мехмонкабулкунихо нодуруст аст.Мардуми точик хамеша мехмоннавозу мехмондустдор буд.Маколи хуби мардуми аст,ки мегуянд"Поятро ба чени курпаат дароз кун".Дар дехахо танзим барои он аст,ки микдори мошинхо дар назди хавлихо зиёд нашаванд".Худи мардум акнун аз он расму оини пешинаи шурави,ки "туй ва маъракаи ман аз хама хуб бошад",даст кашида истодаанд.Баръакс,танзиму маъни мехмонкабулкуни,одамонро бе мехру бе мухаббат мегардонад.Банда зидди маъракахои серхарчу худнишондихи ва худоихои бетартиб мебошам.Лекин,туйхо ягона маъракае хастанд,ки одамон каму беш аз ин хама шару шури зиндаги дуртар меистанд.Хубтараш Сурайё рузи таваллудашро руи сахна мегузаронид.Сихату саломат ва хушбахт бошед,Сурайёи фазои санъати Точикистон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бхър бгард хувар амааш 100 ку бъбинем ки търа чарима мекъна...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҷарима накарданд ки 3 руз паи хам ай руи шумо шуда мо гап шунидем бехтаруш ин хабара ай Духтарашон Рузигул пурсед дар ин базм чанд нафаои дигар низ иштирок доштанд.
Посух додан
  • комил

  • 17 сентябр 2014 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар хакикат хама поша ьа чени курпаш дароз кунад мо точико аз 5 то 11 13 фарзандем хар яяк таш з фарзанди дошта боша хисоб кунед чи хел мегуй тока биё ьад мехмонои ки як умр зиёфатшона хурдаи ки чо бари

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!