Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Вокунишҳо ба паёми Э.Раҳмон: "Агар номзадияшро нагузорад..."

26 апрел 2013, 16:46

Ҳумайрои БАХТИЁР

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи интихоботи шаффофи президентӣ, худдории аҳзоб “аз хидмати хоҷагони хориҷӣ” ва шурӯи даргириҳои дохилӣ аз матолиби “Чароғи рӯз”-у баркандани ҳайкали Ленин вокунишҳои зиёдеро дар пай доштааст.

Оқои Раҳмон рӯзи 26 апрел дар ҳоле ки ба парлумони Тоҷикистон паёми солона медод, изҳор дошт, “тамоми шароитро фароҳам меорем. Тамоми ҳизбҳову созмонҳое, ки ҳавас доранд, имконият барояшон медиҳем. Аммо ба монанди соли 1991 набояд ба умеди хоҷагони хориҷӣ шаванд”. Вай дар идомаи суханронияш дар ҳоле ки сокинонро ба ҳифзи Тоҷикистони мустақил даъват мекард, аз “Чароғи рӯз”-у баркандани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе ҳам ёдоварӣ намуд, ки ба бовари ӯ боиси даргириҳои дохилӣ шуданд.

Бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ва ё паёмҳои худ ба хоҷагони хориҷӣ ишора мекунад. Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси ҲУСДТ, ин ишораи раисҷумҳур барои воқеоти сиёсии соли 1991-ро бе маврид хонд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вазъи сиёсии интихоботи соли 1991 ва вазъи феълӣ тақрибан умумият надорад.

“Танҳо як умумият вуҷуд дорад, ин ҳам аз меъёр зиёд шудани маҳалгароӣ ҳангоми амалӣ кардани сиёсати кадрӣ. Аммо дигар ҳеч нишонае аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1991, ки зиёд мегӯянд, дар ҳоли ҳозир мушоҳида намешавад”, афзуд Шокирҷони Ҳаким. Аз сӯи дигар, оқои Ҳаким ин суолро дар миён мегузорад ва посухашро меҷӯяд, ки манзури раисиҷумҳур аз хоҷагони хориҷӣ чӣ бошад? “Агар манзур аз хоҷагон ин созмонҳои хориҷӣ бошад, пас, ба ҳеч ваҷҳ Тоҷикистон ҳузури онҳоро рад карда наметавонад, чун ин яке аз уҳдадориҳои байналмиллиаш аст”,-гуфт ӯ.

Вакил: Паём кӯҳнаву нав намешавад

Вокунишҳо ба паёми Э.Раҳмон: "Агар номзадияшро нагузорад..."Бояд гуфт, раисҷумҳур дар паёми навбатии худ бори дигар кафили интихоботи шаффоф шуд, вале дар мавриди ширкаташ дар ин маъракаи сиёсӣ мушаххасан чизе нагуфт. Коршиносон бар ин назаранд, ки агарчӣ раисҷумҳур дар ин маврид сухане нагуфт, аммо муҳтавои баромади Эмомалӣ Раҳмон мазмуни омодагӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2013-ро дошт. Аюб Эгамов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “ишораҳо оид ба таъмини баргузории интихоботи шаффоф ба ҳамин мақсад буд”. Ба андешаи ин коршинос, “паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон аз паёмҳои қаблӣ фарқи зиёд надошта, такрори ваъдаҳои қаблӣ буд.”

Дар ҳамин маврид вакили парлумон Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, фиристодани паёми солона маънои гуфтани сухани навро надорад. Ба қавли ин вакили парлумон, албатта, аксарият аз паём интизори гирифтани посух ба пурсишҳои зиёди худро доранд: “Аммо ин паём аст. Наметавон ба тамоми мушкилот ва саволҳо дар якборагӣ ҷавоб гуфт”.

Ваъдаҳои раисҷумҳур ва интизориҳо аз он

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳур борҳо қабл аз баргузории ҳамагуна интихобот кафили шаффофияти онро додаасту медиҳад. Дар робита ба ин коршиносон мегӯянд, кафили баргузории интихоботи шаффоф Қонуни асосӣ буда, президент бояд танҳо кафили риояи ин меъёр бошад. Коршинос Аюб Эгамов мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ваъдаҳои қаблии Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории интихоботи озод наметавон интизориҳои зиёде аз соли 2013 дошт.

“Мутаассифона, то имрӯз ваъдаҳои додашуда амалӣ нагардиданд. Интихоботи соли 2013 дар ҳоле шаффофу озод баргузор хоҳад шуд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон номзадии худро дар он нагузорад. Дар акси ҳол новобаста аз хоҳиши президент масъулини дигар барои ҳифзи номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба сохтакориҳо роҳ медиҳанд. Зеро маддоҳиву шахспарастӣ дар Тоҷикистон ба як бемории сирояткунанда табдил ёфтааст”,-илова кард Эгамов.

“Барои интихоботи шаффоф иродаи сиёсӣ лозим аст”

Бо ишора аз таъкиди навбатии перзидент ба кафолати баргузории интихоботи шаффоф Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, албатта Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи кафолати интихобот ва ҳамагуна маъракаи сиёсиро дорад. Вале дар баробари ин иродаи сиёсӣ барои амалӣ кардани ин кафолат лозим аст: “ Нисбат ба ҳар мансабдоре, корманди мақомоти дахлдоре, ки раванди сиёсии интихоботро халалдор ва ё вайрон мекунад, бояд парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Мутаассифона, то имрӯз бо вуҷуди кафили интихоботи шаффоф будани президент, омилони аслии тақаллубкорӣ дар интихобот ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд”.

Ба иддаои Шокирҷони Ҳаким мансабдорони марбут ба гузаронидани интихоботи шаффофу озод манфиатҳои шахсии худро қабл аз манфиати милливу давлатӣ мегузоранд. Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Шарипов, мегўяд, ки довар ва комиссияи ягонаи интихоботи президентӣ ин мардуманд: “Ҳар фарде, ки мардум ба ҷонибдории он раъй медиҳанд, ҳамон пирўз хоҳад шуд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик, ба таври шаффоф ва озод баргузор гардидани интихоботи президентии Тоҷикистон аз нигоҳи абарқудратҳое ба монанди Русия ва Амрико вобаста аст. “Агар Амрико ва Русия ба воқеоти Тоҷикистон таваҷҷўҳ накунанд, интихобот ношаффоф мешавад”,-гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифадор аст, ҳамасола паёми худро ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар пешниҳод намояд. Мушоҳида мешавад, дар паёми навбатӣ сиёсати дохилӣ масъалаи марказии паём буда, дар мавриди самтҳои сиёсати хориҷӣ барои оянда ин навбат Эмомалӣ Раҳмон чандон ишораҳои муҳиме надошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КАНИ КИ МЕГУЯД? ДАР КАДОМ МАМЛАКАТИ ДУНЁ ИНТИХОБОД ОЗОДУ ШАФФОФ ГУЗАШТААСТ?
Посух додан
  • Махмуд

  • 26 апрел 2013 18:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
интихобот дар Россия прямой ефирда гуфта истодабуд.дар унвакт такалуб кори дида намешад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР ЯГОН МАМЛАКАТИ ДУНЁ ИНТИХОБОТ БА ПУРРАГИ ОЗОДУ ШАФФОФ НАГУЗАШТААСТ....КАДОМЕ НОМЗАДИАШРО ГУЗОШТА БОШАД, ГАМИ ХАЛКУ МИЛЛАТРО НЕ, ПЕШ АЗ ХАМА МАНФИАТИ ХУДРО МЕАНДЕШАД,ИН ЧИЗ БУД, ХАСТ ВА МЕМОНАД.ИН ХАМА ВАЪДАХОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИ СОХТАВУ ДУРУГАНД....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!