Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Қудратов аз болои Кумитаи амният ба додситонӣ шикоят мебарад

26 апрел 2013, 17:19

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Димон Ашӯров, мегӯяд, мақомот ғайриқонунӣ монеи мулоқоти ӯ бо зерҳимояаш шудаанд.

Қудратов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “раисикунандаи парвандаи додгоҳии Димон Ашӯров ба ман, ҳамчун ҳимоятчӣ иҷозат дод, ки имрӯз, 26-уми апрел дар маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо зерҳимояи худ мулоқот кунам.”

Қудратов афзуд, “дар маҳкама иҷозатномаро пешниҳод кардам. Сардори маҳкама, Хушқадамов ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ занг зада, ба онҳо расонд, ки адвокат Шӯҳрат Қудратов мехоҳад бо зерҳимояаш Димон Ашӯров вохӯрад. Аммо онҳо иҷозат надоданд ва Хушқадамов намонд, ки ман бо зерҳимояаам вохӯрам.”

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз болои ин амалҳои роҳбарияти маҳкама ва Кумитаи амнияти миллӣ ба Додситонии генералӣ шикоят хоҳад бурд.

Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амлиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафта буд. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуда то ин муддат дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад. Айни ҳол дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Димон Ашӯров, ки дар ҷиноёти вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешавад, паси дарҳои баста идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!