Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

“Бо хоҷагони хориҷӣ моро муттаҳам накунед!” Кабирӣ мегӯяд, паёми президент ӯро ноумед кард

27 апрел 2013, 12:13

Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми апрел, зимни суханрониаш дар 40-солагии ҳизб аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва худкомагиҳои ҳукумат интиқод кард.

Муҳиддин Кабирӣ аз он, ки аксари меҳмонони даъватшудаи ҲНИТ натавонистаанд ба ҷашни 40-солагии ҲНИТ ҳозир шаванд, изҳори норозигӣ намуд: “Ин давлат манзили шахсии касе нест, ки ҳар вақте хоҳад, меҳмон даъват кунад ва боз гусел кунаду калидро дар кисааш занад. Барои ин давлат 8 миллион аҳолӣ даъво дорад, ин хонаи ҳамаи мост.”

Кабирӣ афзуд, ки суханони президент дар паёми солонааш ба парлумон, ки гуфт ҳукумати Тоҷикистон барои аҳзоби сиёсӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст, умеди ӯро шикастааст: “Агар мегуфт, ки мо шароитро муҳайё мекунем, гапи дигар мебуд. Мо умедовор мешудем. Вале мегӯянд, шароитро аллакай муҳайё кардаанд. Чӣ шароит муҳайё кардаанд, ки шаш моҳ қабл барои толор ба раиси дастгоҳи президент дархост пешниҳод кардем вале ҷавоб нагирифтем. Агар ҳунарманд барои толор танҳо бо мудири толор тамос гирад, масъала ҳал мешавад. Чӣ шароит муҳайё карданд, ки 200 нафар меҳмонон натавонистанд ба Тоҷикистон биёянд.”

Кабирӣ таъкид кард, ки хеле дилаш мехост, намояндаи ҳукумат дар ҷаласаи бахшида ба 40-солагии ҲНИТ иштирок кунад: “Мо аз онҳо як хоҳиш дорем, ки ҳуқуқи сарқонунии моро ба мо бидиҳанд.”

Муҳиддин Кабирӣ инчунин ҲНИТ-ро қалби давлат унвон кард, ки онро ба ҳаракат медарорад: “Имрӯз барои ҲНИТ тамоми ниҳодҳои ҳукумат дар ҳаракатанд ва ҳатто дар мактабҳоии миёна маҷлисҳо баргузор шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки Ҳизби наҳзат қалби ин давлат аст. Чунки то мо садо баланд накардем, дастгоҳҳои ҳукумат ба ҳаракат намедаромаданд. Умедвор мешаваем, ки ин ҳаракат ба хотири ободӣ аст.”


Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ таъкид кард, ки дигар набояд якдигарро аз ҷанг тарсонд: “Бо хоҷагони хориҷӣ моро муттаҳам накунед. Ягон ҳизби сиёсӣ чунин хоҳиш хоҳиш надорад.”

Бо ишора ба қисмати дигари паёми президент оиди ҷанги таҳвилӣ аз хориҷ Кабирӣ афзуд, ки “мудоме инҳо душворӣ дар хориҷ аз кишвар доранд, пас чаро душман дар дохил меҷӯянд.” Кабирӣ илова намуд, ки ҳамин лаҳзаҳои душвор ҳукумат ниёз ба кӯмаки аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ дорад.

Имрӯз, 27-уми апрел Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дафтари марказиаш дар шаҳри Душанбе 40-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил кард, ки дар он намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аҳли адаб, парлумон ва меҳмонони хориҷӣ ширкат доштанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Иброхим

  • 27 апрел 2013 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШАРМАНДАГИ!!!
ШАРМАНДАГИ!!!
ВА БОЗ ШАРМАНДАГИ!!!
МЕХМОНОНРО ЗИ ДАР РОНДАН ХОСИ ТОЧИКОН НЕСТ!!!
Посух додан
  • Ozod

  • 27 апрел 2013 23:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Man nisbati Ustod Kabiri khele ehtirom doshtam, vale imruz ba kavli Ahmadshohi Mas'ud ehtiromam BESHTARTAR shud!::))
Ruzi KAMOLOT-ro ba hamai shahrvandoni Tojikiston chi dar dokhil va chi dar khorij Tabrik meguyam!
Посух додан
  • Gulnoz

  • 28 апрел 2013 23:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Bale janobi Kabiri durust kayd karded, ki in hona, honai hamai most! Ammo ba fikri man Partiyai Shumo ba dardi Halki mo hich foidae nameorad. Behtarash in Partiya posh bishavad, baroi on ki Mo hamin hel ham Allhamdulliloh musalmonem va "musalmoni fonati devona" shudan namehohem. Didem musalmonoi afgoni va pokistonira, ki hama kotilu berahmu odamkushan! Ba nazari man hamin kadare ki musalmon hastem dar holi hozir baroi mo kofist! Man namehoham ki halki man boz baroi 100 soli digar ba akib bargardad!
Посух додан
  • Манучехр

  • 29 апрел 2013 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонум агар шмо фикри мекунед ки нооромихо дар афгонистону покистон айби мусалмонхо аст ин билкул хатост ислом факат дусти мехру мухаббати якдигарро мехохад. Шумо бояд таърихи исломро мутолиа кунед ва хатман кунед!
Посух додан
  • Gulnoz

  • 29 апрел 2013 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Barodar Manuchehr, man kitobhoi tarihi islomro hondam va hondam chi hel arabho hamaro muusalmon mekardand, bo tariki sarburi.... Vale fikramro ivaz nakardam nisbati Dini Islom. Ammo din boyad az Davlat judo boshad! Mo hamin hel ham yak halki jabrdidaem ki asrho azob kashidaem dar zindagi! Hargizam kase fikr nakunad,ki agar mo Davlati Islomi barbo kunem zindagii mo ba 100 daraja ivaz meshavad, Nameshavad!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеан ин давлат манзили шахсии касе нест, Кабири низ наметавонад хар он хоинеро, ки бар зидди Хукумат ва давлати дуняви аст аз хоричиён даъват намояд. Барои ин давлат 8 миллион аҳолӣ даъво дорад, ин хонаи ҳамаи мост ва Кабири хак надорад, ки манфиати мо 8 милионро ба максадхои гарази худ истифода барад ва акидарони намояд, ки ин 8 милион тарафдорони уянд. Аз номи танхо аъзоёни хизби худ сухан карданро омузед.
Агар Президент Рахмонов шароит мухаё намекард имруз Кабири озоди сухан надошт, бо воситахои наклиёти хоричи бехатар дар кишвар намегашт ва 40 солагии хизбро чашн мемегирифт. Агар ба Кабири "хуқуқи сарқонун" дода намешуд хизб таъсис намедод, фаъолияти хизбро озодона пеш намебурд. Толор намедоданд мачлисро чигуна мегузаронид мухтарам Кабири. Ҳизби наҳзат қалби ин давлат аст ва кушиш менамояд, ки онро аз кор барорад. Яъне нотинчи, бадбини, хусусамтро дар миёни 8 милион нафар эхё кунад. Аммо афсус ба ин андешахои солхои 90-ум дигар ахоли гуш намедихад ва ба нотинчи низ даст нахохад зад.
Посух додан
  • Дангара

  • 19 май 2013 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
vatandust,
Гуш кун ватандуст касе хасти ки чашмонат нобино ва гушхоят ношунавост Точикстон танхо ватани як гурух нест Кабири рост мегуяд суханаш хак аст Точикистон ватани хаштмилион аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!