Бахшҳо

Русҳову русзабонҳо дар Тоҷикистон

Халил Қаюмзод, махсус барои “Озодагон”

Дар ҳоле, ки дар Русия раванди тоҷикситезӣ рӯ ба густариш ниҳодааст, мардуми Тоҷикистон нисбати русҳо эҳтироми зиёдеро қоиланд. Аслан дар Тоҷикистон нисбати русҳо ҳеҷ ягон бадбинӣ ва ё нафрате вуҷуд надорад. Баъзан як ҳисси бадбиние, ки дар қалби таъдоди ками тоҷикон нисбати русҳо пайдо мешавад, дар худи Русия таваллуд мешавад ва он аз муносибати таҳқиромези бархе аз мақомоту сокинони Русия нисбати тоҷикон сар мезанад. Он, ки мегӯянд гуиё русҳоро инҷо эҳтиром надоранд фикри ғалат аст. Баръакс...

ВАО

Дар ВАО-и Тоҷикистон низ русҳо кам нестанд ва тоҷикони русзабон ҳам. Инҳо Галина Гриднева (ИТАР-ТАСС), Лидия Исамова (РИА Новости), Марат Мамадшо (Озодагон), Зебо Тоҷибоева, Рамзия Мирзобекова, Роза Шапошник, Олга Тутубалина, Пайрав Чоршанбиев, Зарина Эргашева, Шоира Юсупова, Кирилл Комбаров (Азия-плюс), Гулнора Амиршоева (Вечёрка), Зафар Абдуллаев (рӯзноманигори озод), Вера Кулакова (радио Ватан), Лола Олимова, Шаҳодат Соибназарова (Институти Ҷанг ва Сулҳ), Галим Фасхутдинов (Садои Олмон), Вера Исмоилова (Телевизиони Мир), Манижа Қурбонова (VIP-ZONE).

Матбуот

Барои ҳар як гурӯҳи хонандаҳо дар Тоҷикистон рӯзномаҳо бо забони русӣ нашр мешаванд. Барои дӯстдорони ахбори сиёсӣ – “Азия—плюс”. Инҷо мехоҳам махсус қайд намоям, ки ин рӯзномаи серхонандатарин дар Тоҷикистон аст. Ва ҳафтае ду маротиба рӯи чоп мебарояд. Барои дӯстдорони хабарҳои пойтахт ва иҷтимоӣ – “Вечёрка”. Барои дӯстдорони хабарҳои ҷиноӣ –“Крим-инфо”. Барои дӯстдорони хабарҳои тиббиву тандурустӣ –“Авитсенна”. Барои кӯдакон рӯзномаи “Аладдин”. Ҳамчунин дар Тоҷикистон рӯзномаҳои “Бизнес и политика”, “Вечерний Душанбе” ва рӯзномаҳои худи Русия ҳам мисли “Аргументи и факти” ва “Комсомолская правда” чоп мешаванд. Рӯзномаи ҳукуматӣ бо номи “Народная газета” ҳам хонандагони худро дорад. Намояндагиҳои “Риа Новости” ва “ИТАР-ТАСС” ҳам дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Радио

Радиои маъруфтарин, Азия+, ки рӯи мавҷи FM садо медиҳад, дар аввал танҳо бо забони русӣ барномаҳои худро пахш мекард. Ва танҳо баъди чанд сол ин родио ба забони тоҷикӣ низ пахши барномаҳоро оғоз намуд. Радиои “Ориёно” бошад махсус барои русзабонҳо пиёда карда шудааст. Ҳамчунин дар ҳамаи радиоҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳам барномаҳо бо забони русӣ пахш мешаванд.

Телевизион

Дар Тоҷикистон ягон шабакаи телевизиюнӣ вуҷуд надорад, ки 24 соат бо забони русӣ барнома пахш кунад, аммо дар ҳама шабакаҳо барномаҳои русӣ пахш мешаванд. Пойгоҳи ҳарбии 201-ум ҳам дар Тоҷикистон шабакаи телевизионии худро дорад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар фазои рухнома (фейсбук) гурӯҳе ҳам ҳаст бо номи “Русскоязычные поэты” ва барои ҳаводорони хабарҳои сиёсӣ “Платформа”.

Таҳсил

Танҳо дар шаҳри Душанбе чандин мактабҳои русӣ фаъолият доранд. Ба монанди мактаби рақами 1, 14, 20, 21. Инҷо низ месазад махсус қайд намуд, ки Гимназия-Интернати Тоҷикистону Русия “Ҳатом ва П.В” , ки таҳсил он ҷо бо забони русист, чандин чемпионҳои ИДМ ва ҷаҳониро аз фанҳои дақиқ омода намуд. Забони русӣ дар макотиби Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ таълим дода мешавад.

Донишгоҳ


Дар худи шаҳри Душанбе шӯъбаи Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ташкилотҳои мардумӣ

Зиёданд ташкилотҳои ғайридавлатӣ мисоли “Дӯстони Русия” , “Ҳамватанони Русия” ва дигару дигарҳо. Танҳо фонди “Русским мир” (Ҷаҳони русӣ) дар худи шаҳри Душанбе чандин шӯъба дорад.

Дин

Ибодатгоҳи провославӣ (Русская Православная Церковь).

Ҳамкорӣ

Ширкатҳои абарқудрате ба мисоли “Газпром” дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро доранд. Албатта дар муқоиса бо солҳои шӯравӣ фарқият ҳаст ва вуҷуд дорад. Русҳо нестанд дар парлумони Тоҷикистон, русҳо нестанд дар ҳукумати Тоҷикистон ва шумораи русҳо ҳам нисбати солҳои пешин коҳиш ёфтааст, аммо русзабонҳо коҳиш наёфта, майли афзоиш доранд.
Мӯҳр
Шам
Озодагон лекин бегонапарастиро ба дарачаш расондед да.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)