Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

Русия: Оташсӯзии нақлиёт, ки рақами рамзии 07 доранд

9 июл 2011, 05:16

Дар шаҳри Балашихаи назди Маскав як миллатгаро  ба оташсӯзии мошинҳои бо рақамҳои минтақаи Қафқоз машҳур гаштааст.


Аллакай 8 адад нақлиёти бо рақамҳои   марбут ба минтақаи Доғистон ва Қабардину Балқар, ки нишони рамзии 07-ро доранд,  мавриди оташсӯзии ӯ қарор гирифтааст. Мардум ва кормандони пулис барои ин "қаҳрамониаш» ба ин миллатгаро лақаби «Пироман»-ро часпондаанд.
Аввалин оташсӯзии нақлиётро ин миллатгаро аз 21 июни соли равон сар карда, мошини тамғаи ВАЗ 2104-ро сӯхтааст.  
Баъдан автомашинаҳои қиматбаҳои «Тойота Ленд Крузер» дар ноҳияи Дзержинский мавриди оташсӯзӣ қарор гирифта, нақлиёти дигари шафати он осеб надидаанд. Сипас, 8 -адад бо рақамҳои давлатии ин минтақа дар шаҳр оташ гирифтаанд, ки мақомотро ба андешаи амал кардани як нафар ё гурӯҳи миллатгаро водор кардааст.
Пулиси нақлиётии Маскав гуфтааст, дар ин робита асноди заруриро барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ омода намуда истодаанд ва аллакай чанд гумонбаршудаи ин амалҳои тахрибкорӣ низ муайян шудаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!