Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:58

Сӯхтор дар гимназияи президентӣ боиси таътили хонандагон шуд

29 апрел 2013, 09:45

Субҳи рӯзи душанбеи 29 апрел дар бинои Гимназияи президентӣ дар шаҳри Душанбе cӯхтор ба амал омадааст.

Толиб Ҳаётов, масъули маркази алоқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид кард, ки соати 08:13-дақиқаи субҳи имрӯз, 29-уми апрел дар Литсей-интернати президентӣ воқеъ дар кӯчаи Шерализода 17-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад: “Сӯхтор дар дохили посбонхона ва ошхона, ки дар шафати якдигар ҷойгиранд ба вуҷуд омада ва дар масоҳати умумии 8 метри мураббаъ молу ашёҳо сӯхтааст. Соати 08:44-дақиқа сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.”

Ба иттилои Хадамоти оташнишонӣ дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Мутахассисон сабаби эҳтимолии сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунак арзёбӣ мекунанд. Омилҳои ниҳоии сар задани сӯхтор ва миқдори зарар аз тарафи коршиносон муайян карда хоҳад шуд.

Як манбаъ аз худи Гимназияи президентӣ дар тамоси телефонӣ бо мо гуфт, масъулони гимназия хонандагонро ҷавоб дода, рӯзи душанберо таътил эълон кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!