Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Достиев: Русия моро ором мекунад, ки ба Жириновский аҳамият надиҳед, аммо...

29 апрел 2013, 10:28

Дар пасманзари мушкилоти ахир, ки зимни омаду рафти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфтаанд, бо дастури Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав ситоди махсуси кӯмак ба муҳоҷирон ташкил шудааст.

Абдулмаҷид Достиев аз ташкили ситод истиқбол карда, онро дар айни ҳол махсусан муҳим хондааст, зеро ба гуфтаи сафир, “на танҳо матбуоти зард, балки шабакаҳои давлатии Русия низ нисбати тоҷикон як фазои душманиро фароҳам оварда истодаанд.”

Достиев гуфтааст, маъракаи тоҷикситезӣ, ки тариқи ВАО таблиғ мешавад, тасодуфӣ набуда, кори дасти гуруҳҳои манфиатдоре мебошад, ки хоҳони бад шудани муносибатҳои Русия ва Тоҷикистонанд: “Як гуруҳ сиёсатмадорҳои Русия бо мақсади маъруфияти худ дар ҳаққи Тоҷикистон изҳороти таҳқиромезро раво мебинанд. Русия моро ором мекунад, ки изҳороти Владимир Жириновский дар доираи ток-шоу гуфта шудааст ва бояд ба он аҳамият дода нашавад. Аммо мо фикр мекунем, ки чунин сиёсаматдорҳои носолим бояд мушкили давлати худ бошанд на хориҷӣ. Мо намехоҳем, қаҳрамони токшоуҳои ВАО ва ҳар гуна шоуменҳо бошем ва ин нукта дар нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баён шудааст.”

Бо назардошти маъракаи мухолифи тоҷикон дар Русия сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар медиҳад, гуруҳи кории нав ташкилшуда дар фурудгоҳҳои Маскав, “Домодедово” ва “Внуково” ва инчунин ба истгоҳи роҳи оҳани Қазон кор карда, мушкилоти муҳоҷирини тоҷикро, ки ахиран зиёд шудаанд, ҳал хоҳанд кард. Намояндагии Тоҷикистон мегӯяд, далелҳои зиёдеро дар даст дорад, ки зимни тафтишот мақомот бо додзанию партофтани бағоҷҳо ба таҳқири муҳоҷирини тоҷик даст мезананд.

Сафорат таъкид мекунад, ки дар мавсими омаду рафти муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар фурудгоҳҳою истгоҳҳои роҳи оҳан шахсону гуруҳҳои алоҳидаи шубҳаовар зиёд шудаанд, ки ба муҳоҷирон хизматрасонии хариди чипта, сабти бағоҷ, гирифтани иҷозатномаи кор ва дигар аснодро пешниҳод мекунанд. Сафорати Душанбе мегӯяд, шеваи дурушти тафтишот, ки махсусан нисбати қаторҳои Тоҷикистон татбиқ мешавад, мушкилотро зам кардааст.

Сафорат ба муҳоҷирон маслиҳат медиҳад, ки барои ҳалли мушкилот ба аъзоёни ситод муроҷиат кунанд:

ЮНУСОВ Толибой Ҷабборович, +7 495 690 21 80

РАШИДОВ Сулейман Саттарович, +7 495 690-41-86

ОДИНАЕВ Мирзодавлат Сатторович, +7 495 690-41-86

ҒАНИЕВА Садбарг Бурҳоновна, +7 495 690-02-70

ЭГАМЗОД Муҳаммад Машрафович, +7 495 690-61-02

МИРЗОЕВ Бадриддин Қиёмиддинович, +7 495 690-14-47

САДИҚОВ Парвиз Ҳусейнович, +7 495 690-38-46

АБДУЛЛОЕВ Бахтиёр Ҳомидович, Атташе +7 495 690 21 80

АБДУРАҲИМОВ Абдукарим Абдураҳмонович, Атташе +7 495 690 21 80

ГАДОЕВ Искандар Бахшибекович, +7 495 690 52 81

ҚАЛАНДАРОВ Абдулҳафиз, +7 925 078 53 45

ҲАКНАЗАРОВ Зафар, +7 499 725 70 85

ЗУҲУРОВ Саид, +7 499 725 70 84


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!