Бахшҳо
29 апр 2013 11:26Тоҷикистон / Тема дня

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ҳамкорӣ бо "Озодӣ"-ро қатъ карданд

Се созмони хабарнигории Тоҷикистон то замони ҳал шудани мушкили хабарнигори шинохтаи тоҷик, Абдулқаюми Қаюмзод, муваққатан ҳамкориро бо Радиои Озодӣ қатъ карданд.

Ин тасмимро раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев, рӯзи 29 апрел дар Душанбе эълон кард. Ӯ гуфт, се созмони хабарнигорӣ -- Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-алянси Тоҷикистон муваққатан ҳамкорӣ бо Радиои Озодиро қатъ карда, аз ҳамаи хабарнигорону созмонҳо ва коршиносони тоҷик мехоҳанд, аз ин тасмими онҳо ҳимоят кунанд.

“Аз бархе қазияҳои хабарнигорони “Озодӣ”, аз қабили Сайёфи Мизроб ва аз ҷумла Қаюмзод бохабар ҳастем. Инҳо 10-12 соли умри худ, ғайрату ҷавониашонро барои Радиои Озодӣ сарф мекунанд, аммо дар рӯзи мушкилиашон ба ҷойи дастгирӣ кардан, онҳоро дар кӯча мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳар як коршинос ва рӯзноманигоре, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, эҳтимол ин рӯз ба сараш ояд. Раҳбарияти “Озодӣ” ба хулосае ояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва рӯзноманигорони тоҷик низ дар қатори шаҳрвандон ва рӯзноманигорони дигар кишварҳо ҳаққу ҳуқуқи хешро доранд ва нақзи ҳуқуқ алайҳи онҳо раво намебошад ва инро хуб дарк кунанд”,-афзуд Қаршибоев.

Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО, мегӯяд, ин тасмими онҳо натанҳо ба хотири ҳалли мушкили Абдулқаюми Қаюмзод, балки барои ҳалли мушкили дигар хабарнигорон низ гирифта шудааст, ки таҳти фишору таъқиби корфармоён қарор доранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳар хабарнигор чи дар расонаҳои дохилӣ ва чи расонаҳои хориҷӣ бояд аз ҳаққи комили бархӯрдор буда, корфармоён ба ҳаққи онҳо эҳтиром гузоранд.
Мӯҳр
Махал...махалл.махалл...Ин корро чаро дар вакташ барои Сайёфи Мизроб накардед? Зеро Сайф аз махале, ки шумо чанобон итавалуд шудаед, набуд. Агар uetl? rb казияи Сайёф дигар буд, хато мекунед, зеро онхо хам айнан чунин буд. Он вакт баръакс боз дар харч о хамин Каюмзоду дигар шогирдонаш дар торнигрохояшон уро сиях карда гаштанд. Ин махалбозии шумо то кай давом мекунад?

Тотолитаризм дар Шурои ВАО. Ачаб тасмими нодурусте. То чое иттилоъ ёфтем, ду аъзои ин Шуро-Рустами Чони ва Зиннатуллохи Исмоил ин тасмими рахбари Шурои ВАО-ро махкум кардаанд.

Озод
О чаро Сайёфи Мизробро дастгири накардед? Барои ки у аз дигар минтака аст?

Чанобони тарсуи беном, харчанд медонам аслан Шумо ки хастед, вале мисли занакои лаби об эзор напушеду номи аслиатонро нависед. Мочарои Каюмзод барои он сабаби вокуниши созмонхои журналисти шуд, ки вай расман хам ба ман, хам ба Каршибоеву Акбари Саттор мурочиат карда буд!!!! Аз номи Сайёфу Зиннатуллою Рустам харф задани Шумо хам хандаовар аст чун хар якеи онхо ба сухангуи беном ниёз надоранд! Ин мурочиатнома ба он хотир аст ки дигар турки эрони Чавводи бо журналистони точик мисли журналистони дигар кишвархо муносибат кунад! Агар боз хам гуломвор хакоратхои уро тахаммул кардани бошед, ихтиёри Шумост!

Ба Хуршеди Атовулло
Агар махалгарои бошад пас чаро дар рафти аз кор рафтани Зулфикори Исмоилиён, Расул Шодон, Сайёф Мизроб ва Рахматкарими Давлат, ки аввалию дуввуми аз водии Рашт, саввуми аз Кулоб ва чорумаш аз Дарвоз мебошанд, хамаги хомуш будед? Сочида аз кучост, ки махалгарои карда намояндагони тамоми минтакаи Точикистонро аз кор рондааст? Ба хамин як рушани андозед, илтимос.
Абдукаюм аз Панчакент ва Хуршед аз Панчакент ана махалгарои! Аббос Чаводди турк бошаду Абдукаюмро аз кор барои точик буданаш ронад ин маънии онро дорад, ки у миллатгарои мекунад на махалгарои.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)