Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Ҳалокати 7 нафар дар садамаи нақлиётӣ дар Данғара

29 апрел 2013, 12:03

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сониҳаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара боиси ҳалокати 7 нафар гардидааст.

Тавре дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад, шоми 28-уми апрел, соати 17:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Пайрав Ашурови 28 сола, сокини ҷамоати деҳоти Сарчашмаи ноҳияи Шӯрообод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шӯрообод ба самти шаҳри Душанбе дар километри 144-ум роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, дар наздикии деҳаи Қаюмобод, қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда Баҳриддин Сабуров, 23 сола, истиқоматкунандаи деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Пайрав Ашуров ва мусофирони автомашинаи мазкур Ҷовид Муродов, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод, Сироҷиддин Исоев, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ ва Фаришта Сафарова, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва мусофирони автомашинаи “Опел-Астра” Назар Шамсиддинов, соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Кӯлоб, Сафар Абдуллоев, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Ҷӯрахон Ҳасанов, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааанд.

Ба гуфтаи манбаъ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сабуров Баҳриддин Сабуров ва мусофирони дигар Суннатуллои Шералӣ, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ гардидаанд. Нисбати ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ҳафтаи гузашта, аз 22-юм то 28-уми апрели соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 18 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 11 нафар ба ҳалокат расида 28 тани дигар захм бардоштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!